Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Олиҳаи ҳиндӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Динҳои Ҳиндустони қадим, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо  амал мекунад ва ин   муносибати тамаддуни  Ҳиндустони қадим  тақрибан  4000 сол мешавад, ки бо анъанаҳои динӣ машҳур гардидаст.

Метавон  ибрози ақида намуд, ки дини ҳиндуёни қадим  замони Магаду Маврҳо аз эътиқодҳои динии қадимтарини мардуми Ҳиндустон  оғоз ёфтааст. Мардум дар он замон  қувваҳои табиатро мепарастиданд, сониян  парастиши оташ дар Ҳиндустони қадим паҳн шуда, оташро ҳиндуёни қадим  сардори муқаддаси хона меҳисобиданд. Баъдтар дар Ҳиндустон дини бараҳманӣ ҷорӣ гардида, мувофиқи таъминоти ин дин ҷамъияти алоҳида  амал мекарданд.

Дигаре бошад, дар Ҳиндустони қадим дини буддизм , ки пайравони Гутама Буддо, шояд имрӯз муҷассамаи Ҷейнисси Махавия бошад. Ин яке аз динҳои қадимтарини Ҳиндустони имрӯза мебошад, ки беш аз 3, 5 миллион нафар ҷолибдоронро дорад, ки дар асри VI пеш аз милод дини буддия ба вуҷуд омада будааст. Дини нав  минбаъд дини бараҳмания  бо мурури замон дигар динҳоро танг карда баровардааст. Сабаби ғалабаи дини буддоия  дар он будаст, ки дини бараҳманӣ мардумро ба гуруҳҳо тақсим  намудаст.

Зикр намуд, ки таълимоти  Буддо дар асрҳои VI- V пеш аз милод ба вуҷуд омада, асосгузори он писари шоҳзодаи Ҳинд мулаққаб ба Сидҳарта , ки  падараш ҳокими Банорас буда ҳукмронӣ намудаст. Тибқи ривоятҳо гӯё дар 29- солагӣ аз коҳи падар фирор карда, рӯ ба биёбон меорад ва ба риёзату  ибодат машғул мешавад. Якчанд муддате кӯшиш мекунад то ҳақиқатро дарёбад, вале ин ба  ӯ муяссар намегардад. Дар охир зери дарахте мешинад ва аҳд мекунад аз ҷой барнахезад,  ниҳоят рӯзи  чорум ба мақсадаш ноил мешавад, яъне “ ҳақиқат”-ро дарк мекунад ва аз ҳамон ҷо бархоста  ба таблиғоту  ташфиқот машғул мешавад.

Қобили қайд аст, ки ин таълимот бо вуҷуди дар Ҳиндустон зуҳур карданаш дар ин ҷо чандон густариш наёфта , балки дар Чину Ҷопон бештар ривоҷ  меёбад. Тибқи маълумотҳо пайравони мазҳаби Буддо зиёда аз 15 миллион нафарро ташкил мекунад, ки аз он танҳо дусад ҳазораш сокинони Ҳиндустон мебошанд. Боқимондаашро аслан сокинони Чин, Ҷопон ва Сейлону Тибет ташкил медиҳанд.

Хотиррасон намуд, ки   соли 1983  як гуруҳ меҳмонони хориҷӣ  бо сарварии ҳамсари академик Бобоҷон Гафуров ба (собиқ Осорхонаи  кишваршиносии Ленинобод)  Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд  ташриф мефармоянд. Дар ҳузури меҳмонон ва  кормандони муассисаи мазур аз ҷониби ҳамсари академик Бобоҷон Гафуров-  Гафурова Капиталина  Александровна , ҳайкалчаи рамзии буддияи “Олиҳаи ҳиндӣ”- и Деҳлиро  ба осорхонаи таърихӣ  ҳадя  мекунанд.

 Бояд гуфт, ки дар зершиша ҳайкалчаи  рамзӣ дар қатори дигар намуди ҳайкалчаҳои аз чӯб тарошидашуда, маҳфуз баҳри тамошобинон нигоҳ дошта мешавад, ки диққати меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро то ба имрӯз  ба худ ҷалб мекунад.

Ҳамзамон,  дар ин радиф  соли 2004  ба хотири арҷгузорӣ аз таърихи пурғановати миллати тоҷик , таҳти  роҳбарии  ҷаноби  Меҳер К. Мастер аз кишвари Ҳиндустон  намояндагии   Созмони Миллали Муттаҳид аз Колеҷи Зардуштӣ ба мақоми  махсуси машваратӣ дар назди Шӯрои  иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ  фаъолият намуда бо ҳайати  гуруҳи меҳмонон  аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намудан менамоянд, ки басо хотирмон буд.

Ёдовар шуд, ки дар Ҳиндустони қадим динҳои зардушия, индуизм, буддизм, сикхизм ва ҷайнизм амал мекунад ва  мардум  то ҳоло эътиқод ва  парастиш мекунанд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООлиҳаи ҳиндӣ
Scroll to Top