Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Баргузории озмуни “ Беҳтарин рассоми наврас ”

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 04 – уми сентябри соли 2025 дар назди айвони пурҳашамати Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, озмуни вилоятии “Беҳтарин рассоми наврас” ,  баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур тибқи муқаррароти пешбини гардида дар давраи ниҳоӣ ғолибони марҳилаи аввал иштирокчиёни шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзанд.

Қайд намуд, ки мувофиқи талаботи озмуни мазкур, бояд ҳар як иштирокчӣ дар муддати фосилаи 90 дақиқа тавассути расм фикру андешаҳои худро рӯйи коғаз тасвир намояд. Тасвири асарҳои  иштирокчиёни озмун ба маърази ҳайати ҳакамон ва тамошобинон пешкаш гардида буданд, ки мазмуни баланди бадеӣ ва ҷолиб дошта, далели тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар як иштирокчӣ ба ин  озмуни мазкур буд.

Қайд намуд, ки ин озмуни мазкур  танҳо як мусобиқаи рассомӣ набуда , балки минбари нишасти худшиносиву ватандӯстӣ барои наврасону ҷавонон мебошад. Ҳар як асари тасвирӣ метавонад ба руҳия ва андешаи созандаи иштирокчӣ дар бораи Ватан- модар, ваҳдат, истиқлол, сулҳу ҳамдилӣ таъсир расонад.

 

Мақсад ва ҳадафи асосии ин иқдом нек тарғибу ташвиқи ғояҳои созанда ва бунёдкорӣ, баланд  бардоштани  ҳисси меҳанпарастиву хештаншиносӣ байни наврасону ҷавонон, рушди эҷодкорӣ ва инкишофи истеъдоди ҳунари рассоми мусоидат хоҳад кард.

Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБаргузории озмуни “ Беҳтарин рассоми наврас ”
Scroll to Top