Санаи 27-уми августи соли 2025 бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати қӯшунҳои сарҳади КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҳайати гуруҳи шахсии афсарони ҳарбӣ сафарбар гардида, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бо гузашти таъриху фарҳангӣ ниёгони халқи точик ошноӣ пайдо намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни боздид аз таърихи тамаддун роҳбаладони ботаҷрибаи муассисаи мазкур аз толорҳои намоишӣ, ки садҳо номгӯи намунаҳои нодири ашёҳои таърихӣ, аз ҷумла нигораҳои қадима, экспонатҳо, бозёфтҳои археологӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд, шинос гардиданд. Ҳар як нигораву ашёҳои осорхонаи таърихӣ шоҳиди рӯйдодҳои гузаштаи таърихии миллати тоҷикон буда, дар омӯзиши гузаштаи дурахшони халқи тоҷик нақши муҳиме бозидааст.
Дар осорхонаи таърихӣ марҳилаҳои гуногуни таърих аз давраҳои қадим то асрҳои миёна ва навин , таассути ашёву нигораҳои нодир ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шуда, ҳамчун ниҳоди муҳими ҳифзи мероси фарҳангӣ муаррифӣ карда шуд.
Инчунин меҳмонон дар идомаи тамошо аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ , аз санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, наққошӣ ва маводу ашёҳои қадима, муҷассамаҳои шоирону классикони миллати тоҷик ва аз дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ маълумотҳои бештар гирифтанд.
Ҳадаф ва мақсади дидан намудан аз макони таърихӣ ин баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни ҳарбӣ , арҷгузорӣ ба тамаддуни миллати точик ва ба руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ равона гардидааст, ки ба ҳайати шахсии афсарони ҳарбӣ таассуроти калон бахшид.
Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”