Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тирамоҳи заррин

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тирамоҳ   яке аз фаслҳои зебои сол ба шумор меравад. Дар ин фасли сол табиат ҷомаи назаррабое ба бар мекунад, ки ин фаслро “Тирамоҳи заррин” низ мегӯянд.

Бале, рӯзҳо ҳанӯз дароз ва ҳаво гарм бошад, ҳам лекин оҳиста- оҳиста фасли тобистон мераваду  ҷояшро  фасли тирамоҳ мегирад. Агар ба рӯйи тақвим назар кунем, фасли тирамоҳ аз якуми рӯзи моҳи сентябр сар мешавад. Аз рӯйи ҳисоби “астрономӣ” тирамоҳ  22-уми сентябр, вақте ки дар тамоми кураи замин рӯзу шаб баробар   мешавад, оғоз мегардад. Баъдан  рӯзҳо то рафта  кӯтоҳ шудан мегирад ва шабҳо дароз , офтоб  бошад  рӯз ба рӯз бошитоб ба сӯйи фасли зимистон ҳаракат мекунад.

Қобили зикр аст, ки фасли тирамоҳ нишонаҳои аҷибе дорад, парандагони гармидӯст сӯйи кишварҳои  иқлимашон гарм парида мераванд, дар рафтори ҷонварон тағийирот пайдо мешаванд ва аз ҳама беш  рехтани баргҳои зардшудаи дарахтон ба чашм мерасад. Яъне, тирамоҳи зарнисор бо рангу пурбаракати зебояш дар кишвари маҳбуб қадамҳои аввалашро  мегузорад.

Метавон гуфт, ки ҳама фаслҳои сол хубанд, лек фасли тирамоҳ  подош ва ҷамъоварии ҳосили пухтарасидаи  заҳмати марди деҳқон  мебошад.  Чуноне ки дар урфият мегӯянд: “Ғалберро аз об мебардоранд”, ки тирамоҳ тамоми анборҳо ва бозору дастурхони мардумро пур мекунад. 

Гуфтан ба маврид аст, ки яке аз ҷашнҳои фархундаи қадимаи миллати тоҷикон ин ҷашни “Меҳргон” аст, ки маҳз дар анҷоми фасли тирамоҳ сурат мегирад. Ва ин ҷашни муборак, ҷамъбасти киштукор анҷоми ҳосилғундорӣ, ҷашни сериву пурӣ ва сарбаландии соҳаи кишоварзони кишвар ба шумор меравад.

Одатан  мардум вақте ки  фасли тирамоҳ  мерасад, онро бо вижагиҳои  тиллоӣ, зарнисор, заррин ва хазонрезро  ҳамроҳ мекунанд. Бале, фасли тирамоҳ манзараҳои дилрабои мафкунанда дорад, ки бевосита ба эҳсосоти фикрии инсон таъсири худашро мерасонад.  Яъне, тирамоҳ таҷассумгари рангҳо, тасвирҳо  ва манзараҳое мебошанд, ки  рассомон бештар  асарҳои  табиати нотакрори  дилфиребро  эҷод мекунанд.

Зикр намуд, ки тирамоҳ  фасли хазонрезӣ на фақат бо таровишҳои рангину зебояш дилҳоро тасхир месозад, балки ин фасли нозанин  як таъсири амиқ ба руҳияи инсон бо завқу табъи зиндаро мегузорад, ки дар симои тирамоҳ  инсон умри худро эҳсос мекунад.  Ба мисли як-як  пайи ҳам афтидани барги дарахтон, монанди як саҳифаи умри инсон гузар мекунад, инсонро  водор месозад, ки фурсати   зиндагиро ғанимат шуморад.

Ин аст, сирри зебои табиат ва инсон  ба ин асрори илоҳӣ  таслим мешавад , ки  набототу дарахтон тамоми баргҳояшонро аз даст медиҳанду интизори фасли баҳори навбатӣ мешаванд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”   

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТирамоҳи заррин
Scroll to Top