Гузаштагони халқи тоҷик аз қадимулайём дорои ҳунару меъмориҳои нотакрор буданд, ки бо чунин санъати меъмории аҷдодӣ ҷаҳониёнро мафтуни худ гардониданд. Яъне , санъати меъморӣ яке аз санъатҳое мебошад, ки тавассути он таърих, фарҳанг, урфу одат, анъана, маданият ва ҳунару маҳорати мардумии ниёгони миллати тоҷик мисли оина шаффоф инъикос меёбад.
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо чунин осори санъати меъмории ҳунармандони мардумиро тамошобинони закӣ дар ҳавлиҳои ҳунармандони мардумии Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” баръало дида метавонад, ки он шаҳодатгарӣ ҳунари мардумии миллати тоҷик буда, таърихи саҳифаҳои гузаштаро бо чунин санъати нафиси бадеӣ то ба имрӯз пайваст мекунад.
Бале, намунаи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ аз ҷиҳати ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷикон сохта шуда ва хонаҳои қадима бо назардошти унсурҳои қадимаи шаҳрсозии халқи тоҷикон бунёд ёфтааст. Гуфтан ба маврид аст, ки гилу хокаш тарзи андозаву дарвозаю дару сутунҳояш бо санъати баланди касбии кандакорӣ, кундалкорӣ, санъати тасвирӣ ва дигар унсурҳои фарҳангию таърихӣ ба иҷро расонида шудаанд. Агар касе вориди хона мешавад, ӯро усули коркарди аҷдодӣ гиландова ё андовашудаи деворҳояш бо ҳавои хуши муаттари тозаи форам истиқбол мегирад. Даҳлезаш бошад, дорои тоқчаҳо, ошдону мӯрӣ ва обҷӯшонӣ, ки ҳама аз гилу гаҷ оро дода шудааст. Инчунин хонаи калони барҳавои ҷойи истироҳат ё қабули меҳмонон аз якчанд тоқчаҳо, сандалӣ ва таҳмон иборат буда, дар он чанд намуд лавозимоти ашёҳои рӯзгор, кӯрпаву кӯрпачаҳо бо болишт таҳ карда шудааст, ки хело ҷолиби диққат мебошад.
Зикр намуд , ки ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ на танҳо комёбию бозёфтҳои ҳунармандони тоҷик, балки таҷассумгари санъати меъмории гузаштагон мебошад. Ҳар як ҳавлии ҳунарманд аз якдигар фарқ мекунад, ки барои баррасӣ ва бозгашт ба ҳунари меъморӣ яке аз осори кори дастии ҳунармандони мардумӣ бо маводи гаҷкорӣ сохтани тоқчаҳо бинандаро ба фикри афсонавӣ ғӯта мезанонад. Он нафаре ки вориди хона мегардад, дар рӯ ба рӯяш тоқчаҳои гуногуни аз гаҷ сохташуда дар дохили деворҳои синҷӣ басо хуб метобад. Зеро ки санъати нотакрори меъмории тоқчаҳо аз қадимулайём маъмул буд, онро барои нигоҳ доштани пиёла, коса, чойник, табақчаҳо ва дигар ашёҳои рӯзгор бо мақсади зеби ороиши хона истифода мебурданд. Тоқчаҳо вобаста ба ҷойгиршавӣ ва андозашон моҳирона сохта мешуд, ки бо номи “таҳмон” мешинохтанд ва дар он кӯрпаву кӯрпачаҳо ҷой дода мешуданд.Аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ намуди тоқчаҳо маъмулан дар деворҳои паҳлуи хона ки нисбатан ба таҳмон шаклашон бориктар ва ҳаҷман хурд сохта мешуданд. Дар асл, устоҳои ботаҷриба асосан тоқчаҳоро дар қисмати болои девор ва дар сатҳи тиреза ҷой медоданд, ки дар маҷмуъ силсилаи ороиши хонаро дигаргун мекард. Дар баъзе тоқчаҳо ҳошияҳои кандакорӣ ба монанди занҷира , кунгура ва дигар ороишҳои қадимаро дидан ҳам мумкин аст.
Воқеан, ҳавлиҳои ҳунармандони мардумии Қалъаи таърихии Хуҷанд макони пурасрори таърихию фарҳангӣ, ки дорои саргузашти ҷолибу рангоранг пеши назар меорад, ки бинанда мехоҳад онро бо чашми сар дубора бубинад, чунки ӯ дилрабо аст.
Метавон гуфт, ки тамошобин аз ин осори нотакрори санъати таърихии қадимаи ҳунармандони мардумӣ ва он дизайну ороиши эҷодии онҳо то ба имрӯз меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад, ки басо рамзист.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”