
(Бахшида ба Рӯзи дониш)
Илму дониш , маърифату фарҳанг, ақлу хирад чароғи равшании олами фонӣ мебошад. Инсон ба василаи илму дониш ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯйи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ , асрори фалак ба андозаи ақлу хиради инсон вобастагӣ дорад. Ҳар қадар инсон ба қуллаи маърифати мурод бирасад, ҳамон қадар асрори дигар рӯ ба рӯяш боз мегардад. Яъне, дар ин олами беканор ҳазорҳо сирру асрор нуҳуфта аст, ки ҳар яки онро инсон бозаҳмату талошҳо кашф менамояд.
Бешубҳа, шахсони донишманд бо тавоноии ақлу хирад дили кӯҳро ё замини сахтро шикоф карда об мебароранд, дар як муддати кӯтоҳ роҳи дуру дарозро тай мекунанд. Бале, бо мурури замон, оинаи ҷаҳоннамо , муъҷизаҳои парвози аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, ин бо тезӣ, яку якбора не, бо гузашти айём дар натиҷаи талошҳои беандозаи илмомӯзиҳои шабонарӯзӣ ва амалӣ дида мешаванд. Яъне, пешрафти тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ ба илму дониш вобастагӣ дорад. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои нав ба навро ихтироъ мекунад, ки заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад. Дар ин даврони соҳибистиқлоли метавон гуфт, ки дар маркази кӯчаву хиёбонҳои шаҳру пойтахти кишвари маҳбубамон ин қадар биноҳои замонавии бисёрошёна қомат афрохтааст, ки тамоми таҷҳизотҳои замони муосир пайваст, ба монанди ба боло ё фаромадан бо дастгоҳи зинасавор (лифтҳо) бемаҳдудият осон гардидааст. Ин малака ва омӯхтани илму дониши муҳандисиро талаб ва комил мекунад, ки агар ба амал созгор бошад.
Имрӯзҳо ҷавонону наврасон пайваста илму донишро омӯхта истоданд, лек онро дар амал бояд татбиқ намуд. Тавассути заковати бузургии хирад ба роҳи илму дониш инсон ба дастовардҳои беназири соҳибмаълумот ва соҳибиззат ноил мегардад. Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани донишу фазл ҳамеша талош меварзад. Фурсати ҷавониро аз даст надиҳед, бо гузашти вақт дониши худро сайқал диҳед. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулки дунё ва сарвати зиёд, ҳеҷ гоҳ накӯшед, зеро дар зиндагӣ ҳамеша илму дониш дар пояи аввал меистад. Афзудани илму дониш касро пурдону пурмаърифат, кордону нуқтафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо нерӯи тоза мебахшад. Барои омӯхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, на он ки телефонбозӣ, зеро манбаи ҳамаи омӯзишу донишҳо аз китоб маншаъ мегирад.
Зикр намуд, ки дониш чароғи ақл аст, чунки дидагон аз он нуру равшани ва ба дилҳо хушиву сурур мебахшад. Шахсони бомаърифат олимон ва донишмандон зиннатгарои ҳар анҷуману сари сабади ҷомеа ҳастанд, зеро ки сарчашмаи он илму дониш мебошад.
Барҳақ, гузаштагон нагуфтаанд:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”