Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зуфархон Ҷавҳарӣ – пайрави охирини Бедил

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шоирону адибон ҳамчун ҳассостарин фарзандони миллат дар тӯли таърих бо сухани баланду осори безаволи худ мақому мартабаи миллати тоҷикро дар ҷаҳон баланд бардоштаанд. Эҷодиёти онон на танҳо зебоӣ ва маърифатро тарғиб мекунад, балки ҳамчун раҳнамои маънавӣ дар рушди фарҳангу худшиносии миллӣ саҳми бузург дорад.Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи адабиёти тоҷик Зуфархон Ҷавҳарӣ (1860–1945) мебошад, ки ҳамчун “охирин пайрави Абдулқодири Бедил” маъруф аст. Ӯ дар шаҳри Истаравшан дар муҳити фарҳангӣ ба дунё омада, дар хонаводаи шоир ва донишманд – Назмии Истаравшанӣ тарбия ёфтааст. Аз овони ҷавонӣ ба шеър рӯ оварда, бо ғазалу қасидаҳои пурмазмун ба майдони адаб қадам гузошт.Ба гуфтаи тазкиранависон ва адабиётшиносон, Ҷавҳарӣ шоири донишманду баландистеъдод буда, ашъораш саршор аз маъниҳои ирфонӣ мебошад. Адибони маъруф чун Ҳашмати Бухороӣ ва Садриддин Айнӣ эҷодиёти ӯро баланд арзёбӣ кардаанд. Ӯ ба сабки Бедил содиқ монда, ғояҳои фалсафиву ирфониро бо услуби нозук баён намудааст.

Шоир худаш гуфтааст:> “Тақлиди ман аст рамзи таҳқиқ, Гул карда ҳақиқат аз маҷозам.”

Пас аз Инқилоби Октябр, дар эҷодиёти Ҷавҳарӣ мавзуъҳои иҷтимоӣ ва ватандӯстона ҳам ҷой пайдо карданд. Асарҳои “Зафар”, “Муҳаммадҷон” ва “Офтобхон” муҳаббати беандозаи ӯро ба халқу Ватан инъикос мекунанд. Гуфтан ба марид аст, ки дар толори “Ҳавзаи илмӣ ва адабии Хуҷанд”-и Муассисаи давлатии  “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” акси шоири шинохта, баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳамчун яке аз намояндагони охирини мактаби Бедилӣ дар охири асри XIX ва аввали асри XX миёни мардум шуҳрати баланд дошт. Ӯ соли 1945 дар шаҳри Истаравшан аз олам даргузашт. Қобили зикр аст, ки Ҷавҳарӣ  инчунин маснавӣ, қасида, мухаммас, марсия, рубоиёт, мустазод, назира, қитъаю пандномаҳо эҷод  намудааст, ки аҳамияти таърихӣ ва инсонпарварона дошта, саршор аз эҳсоси муҳаббат ба халқу ватан мебошад.

 Султонзлда Шахноза- роҳбалади
МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗуфархон Ҷавҳарӣ – пайрави охирини Бедил
Scroll to Top