Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Оҳанги мавзуни ғижак

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Оҳанги мавзун ва лаҳни гуворо дар ҳама давру замон инсонро мафтун мекунад. Дар ин радиф гуфта метавон, ки бо ҳодисоти самъӣ он чизе, ки тариқи шунавоӣ нафси инсонро ба таҳаррук меоварад, ин садои мусиқӣ мебошад. Дар маҷрои зиндагӣ раво- раво одатҳои мухталиф, расму оинҳои анъанавӣ пайдо шудан гирифтанд. Яъне, дар маросимҳои  ҷашниву тантанавӣ  созҳои таблу доира, най, қӯшнай, карнай, рубоб, дутору танбур, чангу ғижак ва амсоли онҳо асбобҳои мусиқӣ лозим шуд.

Замоне,ки тамошобин  аз  толори намоишии асбобҳои  мусиқии  миллии Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, дидан мекунад бо  намудҳои гуногуни асбобҳои мусиқӣ  рӯ ба рӯ мегардад ва  дар ҳар давру замон мардум аз он истифода мебурданд, ки яке аз он асбоби созии мусиқӣ “ ғижак “ буда, баҳри тамошобинон гузошта шудааст.

Асбоби созии мусиқии ғижак, ки он аз  сози тории камончадорӣ мусиқӣ иборат буда, дар кишварҳои Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон, Тоҷикистону Узбекистон ва дар баъзе ҷумҳуриҳои Қафқоз байни мардум хело  маъмул гардидааст.

Гуфтан ба маврид аст, асбоби созии ғижак аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ бо унвонҳои мухталиф маъмул буд, ки  онро тоҷикон – ғижак, озариҳову арманиҳо – кеманча, ҳиндуҳо – сиринча меноманд. Муҳаққиқон ва олимон таърихи пайдоиши ғижакро ба асрҳои IX –X  рабт медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки аз қадимулайём  ҳунармандони мардуми тоҷик бештар ду намуди ғижакро истифода мебуранд: ғижаки кӯҳистони косааш чоркунҷа ва ғижаки косааш доирашакл. Дар водиҳои кӯҳистони Тоҷикистон мутрибони ҳалқӣ бештар ғижаки дутораро истифода мебаранд. Умуман дарозии намуди ғижак наздик ба 55-60см –ро ташкил медиҳад, ки чунин намуди ғижакро устоҳои ҳунармандони  мардумӣ , бештар аз чӯби дарахтони тут, зардолу ва чормағз тайёр мекунанд.

Ёдовар шуд, ки айни замон дар кишвари Тоҷикистон ду тарзи доштани камонча , яъне тарзи халқӣ ва тарзи камончаи скрипка васеъ истифода  бурда мешаванд. Аммо дар кишварҳои  Эрон, Озарбойҷон, Арманистон бошад, танҳо тарзи халқӣ доштани камонча ва ғижаки дасташ доирашакли чортора маъмул асту бас.

Валӣ Набизод - котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООҳанги мавзуни ғижак
Scroll to Top