Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рисолати мо - ҳифзи муҳити зист

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҳақиқат , имрӯз замоне расидааст, ки муносибати инсон бо табиат фақат маънои истеъмолӣ дорад.Ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи он масъалаи дастаҷамъонаро   талаб   мекунад. Албатта, ҳар як инсон истироҳати бофароғат, шомгоҳон ба боғи фарҳангӣ, лаби чашмаву шаршараҳо  ё дар  дарёи обаш форам  оббозӣ карданро дӯст медорад. Ин хислатҳои танпарвари аллакай  аз овони кӯдакиаш ба вуҷудаш ҷой  мегирад.  Аммо мушоҳидаҳо   ба чашм мерасад, ки гирду атрофи  боғу дарёҳо хело ифлос шуданд. Ҳифзи муҳити зист тозаву озода  нигоҳ доштани хиёбону гулгаштҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ кори тамоми инсоният аст. Мардум бояд  дарк  кунанд,  ки бе табиат  зиндагӣ карда намешавад.  Яъне, табиат то чӣ андоза муҳим будааст?

Пас,  дар айни замон худ тассаввур кунед, як шабонарӯз агар кормандони  шуъбаи хочагидорӣ, рӯбандаҳои саҳархез кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро, бахусус Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”- ро аз ифлосиву партоваҳои пластикӣ, салафану қоғазпораҳои гуногунро  ҷамъ карда ба партовгоҳ напартоянд, табиати муҳити зист ба кадом ҳолат омада мерасад.  Бале, зарари ҳамаи касаливу  офату балоҳо   аз хурдакак сар мешавад.

Табиат – ин ҳусни замин аст. Он ба инсон ҳавои тоза ва ғизои нафаси тоза мебахшад.   Дар навбати худ истироҳаткунандагони   боғи фароғатӣ   бетараф набошанд, ки тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифз намудани табиат ин вазифаи ҷонии мост, ки муҳофизати муҳити зист ин муҳофизати Ватан ҳисобида мешавад.

Оид ба муҳити зист ёдовар мешавем, ки ғамхорӣ ва тозагиву озода нигоҳ доштани  муҳити зист вазифаи ҳар як шаҳрванд  буда  ба зиммаи ҳар як инсони дар рӯйи замин зиндагикунанда барои ҳифзи ҳаёт дар он ва ҳифзи тозагии муҳити ӯ вобастагӣ дорад.  Имрӯзҳо майдоннчаву гулгаштҳои боғи фароғативу қалъаи таърихӣ бо растаниҳои гулҳои рангоранги фоиданок парвариш ёфта  ба инсон ҳусни илоҳӣ мебахшад, ки он  ба тозагии муҳити зист мусоидат мекунад.

Табиати  муҳити зист моро водор месозад, ки мунтазам  ба корҳои ободонию сабзу хуррамгардонӣ худро ҷалб намоем ва дар муддати кӯтоҳ табиати рангини бо боду ҳавои мусаффо насиби мо мегардад, ки ин аст рисолати мо- ҳифзи муҳити зист.

Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

   

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРисолати мо - ҳифзи муҳити зист
Scroll to Top