Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чеҳраи алломаи шинохтаи тоҷик

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Олимон чун равшангари ҷомеа ҳамеша  дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, сиёсат ва фарҳанги давлату миллат саҳми арзанда мегузоранд.  Метавон гуфт,  ки миллати тоҷикро дар тӯлҳои таърих ҷаҳониён маҳз ба туфайли осори гаронбаҳои олимону адибонаш мешиносанд ва ифтихори ҳар яке мост. Дар ҳамаи давру замон олимону адибони тоҷик машъалафрӯзи ҳаёти мардум буда , тараққиёту созандагиро мунаввар мекунанд.

Қобили зикр аст, ки сухан дар бораи яке аз  нафарон олими маъруф ва шинохтаи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ меравад, ки муддати 23 сол вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишвари Тоҷикистонро ба зиммаи худ  доштанд. Муҳаммад Осимӣ яке аз бузургтарин шахсиятҳои илмиву  фарҳанги асри ХХ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Олими шинохтаи мардум, ҳамчун файласуф, академик, нависанда, маорифпарвар ва мутафаккири машҳур на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ эътироф  гардиданд.

Муҳаммад Осимӣ соли 1920 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар  ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ пардохтааст. Устод Муҳаммад Осимӣ беш аз 300 мақола ва чандин китобҳои илмиро дар соҳаи фалсафа, таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқҳои Шарқ таълиф намудааст. Ӯ ҳамчун тарғибгари илми муосир, муаррифгари мероси илмиву фарҳангии халқи тоҷик ва  донишманди сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Муҳаммад Осимӣ дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намудаст ва инчунин  вакили Совети Олии Тоҷикистон  буд. Ӯ ҳамеша тарафдори ҳамбастагӣ, пешрафт ва рушди илму фарҳанг дар ҷомеаро тпарғиб менамуд. Ҳамзамон ҳоло бошад, осори илмии академик Муҳаммад Осимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва паҷӯҳишгоҳҳо мавриди омӯзиш қарор доранд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», толори намоишии «Ҳавзаи илмӣ ва адабии  Хуҷанд» ҷой дода шудааст, ки дар он аксҳои олимону адибони шинохтаи миллати тоҷик баҳри тамошобинон ва дар ин радиф  акси академик  Муҳаммад Осимӣ гузошта шудааст.

Ёдовар шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои беназир ва шоистаи  Муҳаммад Осимиро қадр намуда соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи  ӯ гузоштанд, ки хотираи неки академик Муҳаммад Осимӣ дар қалбҳои мардуми Тоҷикистон абадӣ  боқӣ  хоҳад монд.

Атаева Шоирахон – Рохбалади
МДМФТ  "Қалъаи Хучанд"

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧеҳраи алломаи шинохтаи тоҷик
Scroll to Top