Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тоза нигоҳ доштани муҳити зист

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо мақсади татбиқи нақша- чорабинии МИҲД – вилояти Суғд, аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, пайваста бо ташкили маъракаҳои ҳашар ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани  гирду атрофи муассисаи мазкур саҳмгузорӣ менамоянд.

Бояд зикр намуд, санаи 16 –уми августи соли 2025 дар доираи иҷроиши нақшаи чорабинии мазкур,кормандони муассисаи мазкур тасмим гирифтанд, ки  ҳашар –шанбегӣ дар самти корҳои ободонӣ, бо мақсади  тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ҳашари дастаҷамъона доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории ҳашари дастаҷамъона баланд бардоштани  маърифати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист  ва ба ин васила  таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад. Дар ҷараёни ободкори масъулини муассиса  ба тартиб даровардани майдончаҳои гулу гулбуттаҳои боғи истироҳатӣ ва қалъаи таърихӣ, рӯбучин намудани гирду атрофи иншоотҳо, шустушӯй намудани оинаҳои болопӯши осорхонаи таърихӣ, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар ва  баровардани партовҳо баҳри зебою хуррамгардонии муҳити зист, саҳми босазое  гузоштанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ин тадбири ободонӣ агар аз ҷиҳати ба хотири тозаву озода намудани гирду атроф бошад, аз ҷониби дигар баҳри таъмини муҳити зисти экологӣ замина фароҳам меоварад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТоза нигоҳ доштани муҳити зист
Scroll to Top