Санаи 15-16- уми августи соли 2025 корвони сайёҳони мотосиклронони Ҷумҳурии Исломии Покистон фосилаи чандин км- ро аз роҳҳои кишвари Тоҷикистон тай намуда ба вилояти Суғди шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи сафари тайшуда, иштирокчиёни сайёҳии пойгаи мотосиклронон ба хотири шиносоӣ ва аҷргузори аз макони таърихию фарҳангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Дар даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷанди, Абдусалом Қурбонзода – муовини омири кулли муассисаи мазкур , меҳмононро шодбош намуд.
Сипас, ҷараёни тамошои толорҳои намоиши роҳбаладони ботаҷрибаи донандаи забонҳои хориҷии муассисаи мазкур сайри илмӣ гузаронида, зимни боздид аз экспонатҳо ва ёдгориҳои вуҷуд дошта дар осорхонаи таърихӣ , ки муҳиммияти таърихиро инъикос мекунад, дидан намуданд. Инчунин аз урфу одат ва анъанаҳои гузаштагони ниёгони миллати тоҷик ошнои пайдо намуданд. Ҳамчунин аз нақши қаҳрамонии мудофиакунандаи Хуҷанд марди ҷасури ҷангӣ Темурмалик бар зидди истилогарони лашкари хунхори Чингизхон, яке аз дурахшонтарин саҳифаи таърихи халқи точик мебошад, маълумоти мухтасар гирифтанд.
Дар идомаи сайри тамошои макони фарҳангию таърихӣ меҳмонон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ гузар намуда , аз санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва маводу ашёҳои қадима, муҷассамаҳои шоирону олимон ва дастовардҳои беназири замони истиқлоли давлатӣ аз наздик ошно гардиданд.
Яке аз иштирокчиёни пойгаи сайёҳии мотосиклрон- бо ном Ваққос Абубакр иброз дошт, ки аз шаҳри Лоҳур ба Исломобод бо воситаи давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон, баъдан аз самти марзи кишвари Ҷумҳурии Узбекистон аз шаҳрҳои Тирмиз,Бухоро, Самарқанд, Тошканд гузар намуда ба Хуҷанди бостонӣ омада расидем. Бозгашт бошад, дидан аз шаҳри Душанбе баъдан аз кишвари Афғонистон бо Покистон хоҳем рафт.Дигаре бошад, бо номи Шаан Илоҳи гуфт, ки кишвари Тоҷикистон бо табиати зебояш моро мафтун кард. Шаҳри Хуҷанд бо меҳмоннавозиаш, дарёи Сайҳун бо оби беканори мусаффояш таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Мо аз наздик бо осорхонаи таърихӣ ва қалъаи таърихӣ шинос шуда аз мероси ғании таърихиву фарҳангӣ миллати тоҷик бархурдор гардидем.
Инчунин дар бахши сайри тамошо меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ дидан намуда, аз ҳавлиҳои тоҷир, наққош, дуредгар ва амсоли онҳо дидан намуда аз урфу одати қадимаи касбии ҳунармандон ошнои пайдо намуданд. Чун одати суннатии қадимаи меҳмоннавозӣ ба меҳмонон аз ҷониби нозирони ҳавлии тоҷир чойи гарми кабуди гиёҳомези ҳулбагин пешкаш карда шуд, ки роҳати ташнашикан буд.
Воқеан, боздид аз чунин макони ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба кас ғизои маънавӣ бахшида аз таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд, ба худ ҷалб намуд.
Мақсад ва ҳадафи аслии корвони сайёҳии байкерон бо тай намудани чандин ҳазор километр буда, шиносои аз мавзеъҳои нотакрори қадимаи сарзамини кишвари Тоҷикистон будааст, ки аз дидани макони фарҳангию таърихии тамаддуни миллати тоҷик хушҳолу сарфароз гардиданд.
Валӣ Набизод – маркази иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”