
Имрӯзҳо тақрибан дар ҳама манзилҳои истиқомати табақ, пиёла ва косаи чиниро чун зарфҳои ороишӣ, ки дорои баландарзишу нодир нигоҳ медоранд. Инчунин зарфҳои чиние , ки сифати баланд доранд, дар ошхонаҳои миллӣ ва қаҳвахонаю тарабхонаҳои замонавӣ ҳам истифода мебаранд. Шояд, зарфҳои чинӣ дар мизи нишаст ҷойгоҳи намоёнро ишғол мекарда бошад? .Яъне , маълум мешавад, ки ашёҳои чинӣ ба таври ҳайратангез бо сохту ҳаҷм ва рангубораш аз дигар зарфҳо фарқият дорад.
Чунин намунаи нодири косаи чинии гулдори ороишии нақшу нигор бо гул зиннатдодашуда барои хӯрокхӯрӣ бо аломати қайди давлатиаш таҳти № КВ-3619 дар толори намоишии”Таърих ва фарҳанги тамаддуни халқи тоҷик дар асрҳои XIV – XV”- и Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Қайд намуд , ки дар қафои косаи гулдор тамғаи зарфбарории фабрикаи В. Дудеваи ба номи М.С. Кузнецова, соли барориаш 2016 нишона карда шудааст. Ӯ аз сафоли баландсифат сохта шуда , истифодабарии тӯлонӣ ва муқовимат ба фарсудашавиро таъмин мекунад.
Бояд гуфт, ки косаи чинии гулдор барои истифодаи ҳамарӯза ва барои мавридҳои махсус мувофиқ буда, таҷрибаи ошхонаро беҳтар мекунад.
Албатта, чунин намуди зарфҳо серхаридор буда, вазнаш аз зарфҳои гилиниву сангин сабуктар мебошад. Чӣ тавре дар боло қайд гардид, зарфҳои чиниро бештар дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои дараҷаи баланд дошта , ки дорои қобилияти беназир дорад, истифода бурда мешавад.
Қобили зикр аст, ки косаи чинии гулдор шакли хуби мутавозин дорад ва намуди зоҳирии гулҳои кашидашуда ба гуруҳи табақаи зиндаи гулҳои зебои рангоранги табиат шабоҳат медиҳад, ки басо рамзист.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”