Дар асл, китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазирии зиндагии инсон мебошад. Китоб дар ҳама давру замон чун сармояи хирад, кони маърифат ба шумор рафта, инсонро ба нури хирад ва матонату бузургӣ ҳидоят мекунад.
Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзу эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушди камолоти маънавии худ истифода баранд.
Қобили зикр аст, ки ниёгони миллати бофарҳанги тоҷикон аз давраҳои бостон нақши китоб ва китобхониро аз худ намуданд, ки яке аз мероси бозмондаи хаттиву шифоҳӣ он гувоҳӣ медиҳанд.
Бале, муаррифии якчанд китобҳои нодирро дар китобхонаи илмии МД МФТ “Қалъаи Хучанд” барои нигоҳдории такмил ба ояндагон ба монанди “Фарҳанги осори Ҷомӣ” пайдо кардан мумкин аст. Фарҳанги мазкур ин тафсири буда , мувофиқи талаботи лексокографӣ таълиф дода шудааст, ки беш аз 15 ҳазор калимаю ибора, баъзе ислоҳоти муҳими соҳаҳои гуногуни илм ва дигар мафҳумҳои услубии осори Ҷомиро шарҳу эзоҳ медиҳад. Имрӯзҳо барои мутаахассисони соҳаи филология, муҳаққиқону тарҷумонҳои адабиёти классикии тоҷику форс, омӯзгорон, донишҷӯёну муҳассилони мактабҳои миёнаву олӣ васеъ истифода мебаранд.
Метавон гуфт, ки дар китобхонаи мазкур асарҳои куллиёти адибон ҷамъоварӣ шуданд, ки илмҳои гуногунро ба амсоли нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис , фиқҳ, ахлоқ, мусиқӣ ва дигареро дар бар мегирад.
Гузашта аз ин, яке аз ашъори “Куллиёт”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, таҳти қайди рақами давлатии № 4301, дар толори намоишии “Таърих ва фарҳанги тамаддуни халқи тоҷик дар асрҳои XIV-XV”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, баҳри тамошобинону мухлисони китобдӯстон гузошта шудааст. Китоби мазкур фарогирии осори назмии Абдураҳмон Ҷомӣ буда , соли 1323/ 1905 ба табъ расидааст. Ибтидои китоб бо ҳамду сано оғоз мегардад, тақрибан 50-60 саҳифаҳои он бо овардани наъту сано ба тариқи назму наср оварда шудааст.
Аз ин рӯ, метавонанд мухлисону ҳаводорон ва дӯстдорони назму наср ба таври мухтасар ба ҳаёти шоир рӯй оваранд, ки нақши омӯзгори ҳақиқиро дорад , ошноӣ пайдо хоҳанд намуд.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”