Ошдонсозӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи маъмулии тоҷикон ба шумор меравад. Ошдонсозӣ ё дегдонро мардум дар замонҳои пеш аз лой, санг ё оҳан бо ҳар гуна андозаю ҳаҷм месохтанд. Агар ба таърихӣ қадимаи ниёгон назар афканем, барои сохтани ошдон ҳамчун чизи муқаддас, ки хосияти покӣ дорад, гузаштагонамон бисёр эҳтиёткор ва ба фарҳанги илми рӯгордориро хуб медонистанд. Дар гӯшае месохтанд, ки ҳавораваш мутобиқ, муҳимаш он ки тозаву озода бошад.
Албатта , онҷое ки ошдон ҳаст, дар канораш танӯр ҳам мешинонанд. Бояд зикр намуд, ки тарзи сохтани ошдон дар ҳар минтақаҳои кишвар ҳархела навъ дошт. Дар баъзе ҷойҳо ошдонро аз санги суфташуда ё хоки тозаи сурх, ки дар канори қишлоқҷой ё манзил воқеъ аст , месохтанд. Бале, он хокеро аз ҷое мегирифтанд, ки он бо нопокиҳо олуда набошад. Устоҳои ошдонсоз хокро тоза намуда бо коҳ , хасмайда ва ё бо ҳар навъи пашми ҳайвон омезиш дода лой тайёр мекарданд. Баъдан лойро барои пухта ё часпак шуданаш , ҳатман зерпой ва камтар дам медоданд.
Сипас, ошдонро мувофиқи ҳаҷму андозаи дег аз хиштҳои хом, пухта кулӯла ё санг омода месозанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар гузшти айёми фарҳанги мардуми шаҳри Хуҷанд назар кунем, дар маросимҳои тӯйи барои ду деги калон дар гӯшаи ҳавлӣ ошдонҳо мувофиқи андозааш мекофтанд. Ошпазҳо қолаби дегро мувофиқи ҳаҷмаш андоза гирифта дар замин ҷуқурии конусшакл мекофтанд. Баъдан дар онҳо дегро гузошта бо лой гирду атрофашро мустаҳкам намуда , дар якеаш шӯрбо ва ба дигаре оши палов мепухтанд.
Метавон гуфт, ки чунин намуди сатҳи болои аз замин сохтаи ошдонҳоро дар Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар шафати чойхонаи ба номи “Қалъаи Хуҷанд” шинонида шудааст, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ошпазҳои моҳир бемалол истифода мебаранд, дидан мумкин аст.
Қобили зикр аст, ки ҳоло бошад бо мурури пешрафти технологияи замони муосир дар истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ошдонҳоро яклухт бо кадом намуди андоза набошад, аз ҷониби оҳангарон сохта ба истифода дода мешаванд. Дар баъзе мавридҳо мувофиқи фармоиши мизоҷон ошдонҳои оҳанини сепояи сайёри ҳозиразамона барои тӯйу маракаҳои маросимӣ месозанд, ки истифодабариаш хеле қулай буда , заҳмати зиёдеро талаб намекунад.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”