Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шоми боздид аз қалъаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 11-уми августи соли 2025 бо сарварии  Умеда Абуллозода - муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  ва ҳайати гуруҳи корӣ аз КИМ ҲХДТ,  ҷаласаи кории сайёр  ва  масъулони самти идеологияи КИ ҲХДТ бо сафари расмӣ ба вилояти Суғди шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.

Дар доираи ҳошияи сафари корӣ ҳайати гуруҳи меҳмонон  аз макони фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади шиносоӣ аз мероси гаронбаҳои таърихӣ – фарҳангии халқи тоҷик , боздид ба амал оварданд.

Дар  даромадгоҳи  қалъаи  таърихӣ,  ҳайати гуруҳи меҳмононро  директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Бойматов Мансур Тошматович  ва дигар шахсони масъул  пешвоз ва шодбош намуданд.

Сипас, меҳмонон  бо роҳнамоии  шореҳи  ботаҷрибаи  муассисаи мазкур   Мирзоева Иноятхон  аз чанд  қисмати толорҳои намоишии қалъаи таърихиро  дидан  намуда , маълумотҳои муфассал   гирифтанд. Толорҳои мазкур  бо санъати тасвирии волои ҳунарҳои мардумӣ, гаҷкорӣ, кундалкорӣ, наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкории ҳунармандон ва муҷассамаҳои шоирону олимони аҷам қомат афрохтаанд, таваҷҷуҳи меҳмононро  бештар гардонид.   Инчунин нигораҳо вобаста ба илму адаб, аз қабили дастхатҳо, харитаи маҳаллаҳои ҳунармандони шаҳри  Хуҷанд ва акси ҳунармандони  вилояти Суғд ва қисме аз ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди ҳунари рассомӣ,кашидадӯзӣ ва созҳои асбобҳои мусиқӣ ва амсоли  онҳоро  дар бар мегирад,  шинос гардиданд.

Аз боздиди толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда , ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и қалъаи таърихӣ андешаҳои худро ёддошт намуданд.

Зимни боздид , диққати меҳмононро толори навбатии “Истиқлоли Тоҷикистон”, ки  аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ ба намуди горрелеф аз эълон гардидани Эъломияи Истиқлол оғоз гардида, дар он воқеаҳои таърихиву сиёсӣ- набардҳо, раванди  Иҷлосияи тақдирсози  XVI – Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ,  инчунин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қӯшунҳои артиши миллӣ инъикос ёфтааст,  истодагарӣ намуданд.

Дар идомаи сайри илмӣ ҳайати меҳмонон аз чойхонаи ба номи “Қалъаи Хуҷанд” ва аз намунаҳои ҳавлии ҳунармандони мардумӣ гузар намуда бо тарзи ҳаёти рӯзгордорӣ  ва  урфу суннатҳои анъанаи қадимаи ниёгони миллати тоҷиконро  пеши назар меорад, шинос гардиданд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши растаҳои омода намудани таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби  ташкилоту муассисаҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд , минҷумла бозиҳои шавқовар, суруди хондани аллаи модар аз ҷониби зан-модарон  ба ҳунари болои кадбонуҳо  баҳои баланд дода шуд.

Дар интиҳои шоми боздид аз  тамошои нотакрори қалъаи таърихӣ  бозгӯи фарҳангу таърихи қадимаи халқи тоҷикро  тақозо мекунад, ки аз дастовардҳои беназири ҷамъоварии ашёҳои нодири гузаштагон  ва идомабахши ҳунарҳои аҷдодӣ шод гардида ба  роҳбарияти муассисаи мазкур арзу  сипоси  хешро изҳор намуданд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШоми боздид аз қалъаи таърихӣ
Scroll to Top