Санаҳои 9- 12 уми августи соли 2025 ҳайати гуруҳи соҳаи сайёҳии вилояти Новосибирски Федератсияи Россия бо сафари расмӣ ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.
Ба хотири арҷгузори ба фарҳангу таърихи пурғановати миллати тоҷик гуруҳи меҳмонон аз Осорхонат таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ҳайати гуруҳи меҳмононро муовини аввали муассисаи мазкур Абдусалом Қурбонзода пешвоз ва хайру мақдам намуд.
Сипас, роҳбалади ботаҷрибаи муассисаи мазкур Мирзоева Иноятхон , гуруҳи меҳмононро аз толорҳои намоишии осорхонаи таърихӣ оиди тафсири ҳаёти қадимаи мардумӣ, нигоҳдории ашёҳои марбут ба ҳалқияти мардуми Тоҷикистон, рушди санъати ҳалқии тоҷикон, намунаи ашъори классикони тоҷик ва дигаре ашёву экспонатҳои муътабаре гузошта шуданд , ошно намуд.
Идомаи боздиди ҳайати гуруҳи меҳмонон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ, ки бо фарҳангу таърихӣ тамаддуни бойи нотакрори миллати тоҷик бо ҳунарҳои мардумӣ ба монанди санъати тасвирӣ, гаҷкорӣ, кундалкорӣ, чӯбкорӣ, ки бо тамоми анъанаҳои қадимаи мардумӣ ва муҷассамаҳои шоирону нависандагони миллати тоҷикро инъикос мекунад аз наздик шинос гардиданд.
Дар қалъаи таърихӣ меҳмонон инчунин бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар бо чанд намудҳои ҳунарҳом мардумӣ аз ҷумла бо асбобҳои мусиқӣ, нақшу нигор аз ҳунари мардумӣ маълумоти бештар пайдо намуданд.
Баъди шиносоӣ аз толорҳои намоишӣ меҳмонон аз намунаи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ба амсоли наққошӣ, қолинбофӣ, ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, дуредгарӣ, сангтарошӣ , кулолгарӣ , ҳаммому ҳавлии адибон бо сарҳавз таҷассумгари рукни маҳалладориро ташкил медиҳад, аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд дода шуд.
Дар қисмати фарҷоми ҷамъбасти сайри тамошо меҳмонон ба роҳбарияти муассисаи мазкур барои чунин фароҳам овардани лаҳзае аз макони таърихӣ минатдории хешро баён намуданд.
Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”