Шоми 08- августи соли 2025 бо ташаббуси кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд, дар даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд", аксияи "Шири модар-кафолати солимии кӯдак" баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади беҳтар намудани сиҳатии кӯдакон дар саросари чаҳон даҳаи дастгирии синамакони идома дорад. Ба иштирокчиёни аксия, бахусус зан-модарон аз ҷониби мутахассисони маркази мазкур ҳангоми сӯҳбат дар атрофи масъалаҳои марбут ба ғизодиҳи, инкишофи ҷисмонӣ ва тарбияи кӯдак тавсияҳо дода шуд. Таъкид шуд, ки саломатии кӯдак қабл аз ҳама ба ғизои дурусти ӯ вобастагии зиёд дорад. Мутассифона баъзе модарон бо баҳонаи гуногун аз синамаконии кӯдаконашон худдори намуда, онхоро бо шири сунъӣ калон мекунанд. Зеро синамакони барои саломатии кӯдакон, ҳарчи бештар сина маконанд, то ки солимии якумри заминина фароҳам меоварад гуфта шуд ба иштирокчиёни вохӯрӣ.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”