Инсон беҳтарин махлуқоти офаридаи Худованди бузург дар рӯйи замин мебошад. Аз ин рӯ, тамоми махлуқоту мавҷудоти олам ба ӯ иртибот доранд ва дар баробари ин ба ҳама шароити зист ниёз дорад.
Бале, инсон дар оғӯши табиат баркамол ёфта, обу ҳаво, муҳити зист ва зебогию хуррами онро истифода бурда, масъулиятшинос мешавад, ки онро бояд эҳтиёт ва ҳифз намояд.
Мутаассифона , мушоҳидаҳо ба чашм мерасад, ки аксарияти инсонҳоро дидан мумкин аст, ки ба қадри ин неъмат ва зебогии нотакрори диёри маҳбуб намерасанд. Бо хислату рафтори ношоиста муҳити зистро ифлос ва дилгир мекунанд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 78-уми “Дар бораи ҳифзи табиат” чунин омадааст: “Шахсоне, ки муҳити зистро ифлос менамоянд ва бо ин амалашон ба муҳити зист, олами наботот ва хоҷагии халқ зарар меоранд ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.
Қобили қайд аст, ки боду ҳавои тозаву озода манбаи осоиши зиндагӣ ва ҷисмҳои зиндаи рӯйи замин мебошанд. Аз ҳавои тоза нафаси озодаву бароҳат инсон мегирад, табиат нашъунамо меёбад, тансиҳат ва осуда мегардад. Ифлос будани муҳити зист гирду атрофро вайрон мекунад ва ба ҳар гуна касалиҳои сирояткунанда оварда мерасонад. Ҳастиҳои табиати атроф низ ба тозагии боду ҳаво ниёз дорад. Ҳар як шахсро қарзи инсонӣ он аст, ки ҳастиҳои табиати нодирро эҳтиёт кунад, дар ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳал саҳми арзандаи хешро гузорад.
Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки дар хиёбону гулгашту роҳравҳои кӯчаҳои шаҳр қуттиҳои махсус бо намуди ишораи махсуси пасмонда ҷойгир карда шудаанд. Лек, бо вуҷуди ин бошад, мушоҳидаҳо ба чашм мерасад, ки шаҳрвандон партоваҳои салафанӣ, зарфҳои пластикӣ ва дигареро ба қуттиҳо ҳавола медиҳанд, ки то куҷое рафта афтад, ифлосиро пош медиҳанд. Албатта, ин гуна одамон танҳо барои манфиати худашон бо чунин рафторашон даст мезананд, аммо дар бораи рӯ ба талафот овардани касалиҳо ва тоза нигоҳ доштани муҳит фикр намекунанд. Ин гуна одамонро бояд назорат кард? Зебогии муҳити зист, самарабахши табиат боиси саломатии инсон мегардад.. Агар гирду атроф тозаву озода , муаттару дилнишин бошад, табиати инсон низ болидаву осуда мегардад, ки манбаи пайдоиши нур ва зебогии оламу одам мегардад.
Вақте ки гирду атрофи муҳити зист мувофиқи мақсад нест, хирашавии табиати инсон зиёд мешавад. Лек, баъзе ҳолатҳо гуфтаамон бо амалҳоямон мувофиқат намекунад.
Бояд ба қадри табиат расидан даркор аст, чунки ҳамаи мо фарзанди табиат ҳастем. Албатта ба чунин даъвати гӯшнавоз ва муқаддам риоя кунем, ки агар фарзанди табиат бошем, магар модари худро азият медиҳем? Солҳои зиёд мутахассисону боғбонон, чун фарзанд барои сабзонидани гулу гулбуттаҳо, дарахтони мевадору ҳамешасабз заҳмат кашида ба воя мерасонанд, аммо баъзе ашхосони бераҳм поймол ва шохаҳои нозуки онро бераҳмона мешикананд. Ҳол он ки ӯ ҷон дорад, ҳавои муҳити зистро тоза мекунад ва хуррамиро нигоҳ медорад. Агар аз дигар тараф андеша ронем, он ғамхорию гуфтаҳо боз ҳам барои худи инсон нигаронида шудааст. Сохтани муҳити зист дар дасти худи инсон аст, ки зебогиву рӯзафзуни табиат аз дастони пурсаховати инсон вобастагии калон дорад. Магар дар диёри маҳбуб кам нестанд, ки солҳои зиёд бо парвариши гулу гулбуттаҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва дигар ободкориҳо лоиқи аҳсан ҳастанд.
Бояд ҳамеша бо зиндагии босурур дар оғӯши табиат бошем, чунки табиат ҳастии ҳаёт ва дар тамоми давру замон ба дастгирии инсон ниёз дорад. Мо низ чун инсонҳои табиатдӯст бе ҳастии табиат озодона умр ба сар бурда наметавонем.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”