Дар асл, агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, калимаи “ оҳангарӣ” аз забони форсӣ гирифта шуда , аз оҳан сохтани олоту анҷоми гуногуни рӯзгорро ифода мекунад. Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои касбии мардумии пурифтихори тоҷику форс ба шумор рафта, то ба имрӯз идома дорад. Сабаби асосиаш ин бардавом будани ҳунари аҷдодӣ пеш аз ҳама ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ будааст. Дар гузашта дар бозорҳои марказии шаҳру деҳот дӯконҳои фурӯши маҳсулоти оҳангарии сершумор мавҷуд буданд. Чуноне ки дар рисолаи ин касб омадааст, оҳангарӣ аз чиҳилу як ҳунар иборат буда, яке аз онҳо дегрезӣ ва амсоли онҳо мебошад.
Дар ибораи дигар гӯем , дегрезӣ яке аз навъҳои анъанавии касбӣ рехтагарӣ маҳсуб меёбад. Бале, яке аз коркарди физилот дар байни мардуми тоҷик буда, аз давраҳои қадим оғоз ёфтааст, ки муаррихон ва бостоншиносон аз дарёфти маснуоти биринҷиву оҳанӣ ва чӯянӣ маълумотҳои мушаххас доданд. Агар ба таърихи бостоншиноси рӯ оварем, чунончи бостоншинос Литвинский Б.А дар бораи деги чӯянии аз деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба даст омада маълумот додааст, ки он бозёфт ба асрҳои III- V тааллуқ дорад.
Бояд гуфт, ки оҳанрезон ба ҷуз аз навъҳои дег инчунин офтобаву зарфҳои дигар, чароғ, манқал, занғӯла, оҳани ҷуфт, ҳалқа барои чархҳои ароба ва ғайра истеҳсол мекарданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дегҳо дар андозаҳои гуногун аз ҷониби ҳунармандон истеҳсол карда мешуданд. Баробари рушди соҳаи саноатии металлургия дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ , аз ҷумла кишвари Тоҷикистон аз дегҳои ҳаҷмаш хурди хонагӣ то дегҳои ҳаҷмаш калони маъракавӣ, ки барои пухтани ғизо ба даҳҳо меҳмонон истеҳсол мекарданд.
Қобили зикр аст, ки чунин деги калонҳаҷми андозааш бо ғунҷоиши 500-550 кг биринҷро дар бар мегирад, дар Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, назди чойхонаи миллии ба номи “Қалъаи Хуҷанд” барои истифода гузошта шудааст. Дар урфият мегӯянд” Ҳар ки дег дорад, меҳмон дорад”, ки нишонгари мақоми иҷтимоии дег дар фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Метавон гуфт, ки дар маъракаҳои чорабинии фарҳангию маросимҳои ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби ошпазҳои моҳир оши палави миллии тоҷикона пухта, барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ пешкаш карда мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дег дар ҳар хонавода на танҳо ашёи рӯзгор, балки рамзи меҳру муҳаббат, иззату меҳрубонӣ, гармии хонадон, серии кӯдакон ва самимияти соҳибхона ба меҳмонон маҳсуб меёбад,
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”