Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нишонаи бозёфтҳои тангаҳои мисин

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

     Воқеан,  имрӯзҳо ташрифи садҳо нафар меҳмонони дуру наздик ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҳар гӯшаву канори мамолики дунё ба кишвари Тоҷикистони офтобрӯя  бештар гардида истодааст. Дар навбати худ аз  шаҳри   куҳанбунёди  Хуҷанд , бахусус аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал меоваранд. Онҳо аз таъриху  тамаддун ва фарҳанги маданияти халқи тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз ошноӣ пайдо намуда бо бозёфтҳои бостоншиносӣ шинос мегарданд.

    Гузашта аз ин дар толори намоишии “Таърих ва фарҳанги тамаддуни халқи тоҷик дар асрҳои XIV- XV”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, нишонаи бозёфтҳои бостоншиносӣ  ба монанди  зарфҳои сафолин, ашёҳои қадима, порчаҳои сафолини тағмадор ва инчунин соҳиби якчанд бозёфтҳои тангаҳои мисин  баҳри тамошобинон  зери шиша гузошта шудаанд, ки  аз осори тамаддуни  миллати тоҷикон дарак медиҳад.

     Қобили зикр аст,ки ганҷинаи бозёфтҳои тангаҳои мисин ба давраи ҳукмронии сулолаи Шайбониҳо, ки Кучкунчи хом  солҳои 1510-1513   ҳоким буд, тааалуқ доранд. Дар ганҷина тангаҳои Бухоро ва Самарқанд, ки дар соли 919 ҳиҷрӣ ( соли 1513-1514 милод) сикка зада афзалият доранд.Тангаҳои боқимонда миқдори кам буда,   соли 918 ҳиҷрӣ  (соли 1512-1513 милод) дар Ҳисор ва Андиҷон сикка зада шуданд. Ганҷинаи бозёфтшуда ҳамчун  дуюмин бозёфти нодири ин давра дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Инчунин  зиёда аз ду ҳазор тангаҳои мисин , ки аз тарафи  сокини қишлоқи Хистеварзи ( собиқ Қистақӯз)  ноҳияи Бобоҷон Гафуров , Раззоқов Абдусалом дар вақти шудгори замин ёфта шуда ба осорхонаи таърихӣ тақдим карда шуд.

  Бояд зикр намуд, ки ба гуфти масъулини осорхонаи таърихи тангаҳои қадимӣ ҳастанд, ки дар фонди осорхонаи таърихӣ боқимондаҳои сиккаҳои мисин ва биринҷӣ  ба давраҳои Кӯшониёну Сомониён, Шайбониёну Қарахониён мансубият доранд , нигоҳ дошта мешаванд.

    Ёдовар шуд, ки  соли 2006 дар шаҳри Хуҷанд, зимни кофтани  азнавсозии  майдони назди бозори “Панҷшанбе”, сокинон чор адад тангаҳои тиллоии давраи императори Русияро ёфта, дар ихтиёри Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гузошта шуданд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНишонаи бозёфтҳои тангаҳои мисин
Scroll to Top