Бале, ҳар яки ману шумо дар мактаб таҳсил намудаем, ки сарчашмаи ақлу дониш, илму ирфон ва саршори илму заковати инсонсозӣ мебошад.
Тадрисгоҳ макони илму маърифат, ки баробари дар остонааш аввалин бор қадам гузоштан кӯдакон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Набошад, ки касе аз ин даргоҳи фарҳангу адаб сабақ нагирифта бошад, нест бузургдиле, ки сабақи устодонро надида бошанд. Ҳанӯз аз замонҳои пеш низ дар ҳолати вуҷуд надоштани донишгоҳҳои касбию олӣ тадрисгоҳҳо, мадрасаҳо вуҷуд доштанд, ки аксарияти шоирони классики форсу тоҷик аз ин даргоҳ сабақ омӯхта буданд.
Метавон гуфт, ки дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ мавҷуд буда, дар он намунаи ҳуҷраи тадрисгоҳ ҷой дода шудааст ,ки нишонаи замони гузаштаро тақозо мекунад. Шояд, замоне дар ин минбари муқаддас устодон дар канори толибилмон рӯ ба рӯ нишаста ба онҳо илму адаб ва маърифату дониш меомӯзониданд. Маҳз аз ҳамин тадрисгоҳ маърифат пойдор, илму дониш устувор ва тавассути заҳмати устодони моҳир шогирдон баркамолу соҳибистеъдод гардиданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки таълимгоҳ инсонро дар қӯраи маърифат пухта намуда, шахси бофазлро ба воя мерасонад. Омӯзгорону устодон буданд, ки дар ҳама таълимгоҳҳои миёнаву олӣ ва боғчаву муассисаҳои таълимӣ илму дониш омӯзонида , ҳамагонро ба некию накӯкорӣ ва фарҳангдӯстӣ даъват мекунанд.
Оре, ҳамагон дастпарвари мактабем, ки замоне чун кӯдакони аз ақлу хирад дур ба остонаш гузошта будаем, то ки инсони бузургу ботаълим гардида бошем.
Месазад гуфт, ки нест шахсе набошад, ки аз ин даргоҳи муқаддас хираду маърифат гирифта ва заҳмати бузургустодоне баҳравар нагардида бошад.
Ин тадрисгоҳи муқаддас нишонаи даргоҳи мактабу мадраса аст, ки одамиятро ба шоҳроҳи бузургии ҳаёт талқин намуда, инсонро ба фикру андешаи таълим гирифтани устодону шогирдон пайваст мекунад.
Инсоният ҳамеша дар кадом давру замон набошад кӯшиш намояд, ки аз илму дониш қафо намонад, соҳибадаб бошад. Маҳз аз ҳамин остонаи маърифат бузургиву накӯандешӣ падид бармеояд, ки онро муқаддасу пок ва азизу гиромӣ доштан қарзи ҳар як инсони соҳибхирад мебошад.
Валӣ Набизод- маркази иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”