
Тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳо ба шумор рафта, дар масири таърихи башарӣ бо ақлу тафаккури хеш, бо заковату истеъдод ва ҳунарҳои волои зиёди худ маъмулу машҳур буданд. Хушбахтона ин суннату анъанаҳои миллӣ то айёми мо омада расиданд.
Яке аз намуди ҳунарҳои мардумӣ ин кандакориву чӯбтарошӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳунари онҳоро дар сохтани табақу коса, гаҳвора, инчунин сутун мушоҳида карда мешавад.
“Сутун” як ҷузъи бино мебошад, ки аз поя, тана ва боша (сари сутун) иборат буда, сақфро нигоҳ медорад. Сутун аз чӯб, санг, хишти пухта, филиззот ё оҳану бетон сохта мешавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон яке аз қадимтарин сутуни сангин дар ёдгории меъмории Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (асри XIII, деҳаи Угуки ноҳияи Ғончӣ) боқӣ мондааст. Сутунҳои ин ёдгорӣ нӯгборик, пояашон мудаввар, шаштарка, чоркалид (гули шамшод) буда, кандакорӣ шудаанд. Дар Осиёи Миёна якчанд намунаи сутун машҳур буд: убайдӣ, росттана ва гуногуншакл (бисёррах, ангиртакдор, кандакорӣ ва ғайра). Сутунҳои убайдӣ дар ёдгориҳои меъмории мазори Ҳазрати Шоҳ (асрҳои X – XII, деҳаи Чоркӯи Исфара) истифода шудаанд. Онҳо бо нақшҳои мураккаб мисли навда, меҳроб, чорбарг, холгун-тугма ва ғайра оро ёфтаанд. Сутуни нақшин аз тана, кӯзагӣ ва посутун таркиб ёфта, дар санъати меъмории асрҳои VII – XX-и Осиёи Миёна маъмул буд. Дар меъмории тоҷик сутунҳои бебоша ва бошадор машҳур буданд. Бошаҳои таркибиро калламуқарнас меноманд. Ин гуна бошаҳо бо нақшҳои пурпечутобу хушобуранг зинат дода мешуданд (сутунҳои масҷидҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ғайра). Танаи сутунро ҳамвор ё кандакорӣ мекарданд ва онро сутунҳои шамъӣ, рахдор, пилтадор ва ғайра меномиданд.
Дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилоятӣ намуди сутуни қадимаи кандакорӣ шуда ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.
Ҳамчунин дар ҳудуди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ сутунҳои боҳашамати кандакорӣ кардашуда мавҷуданд, ки диққати бисёр меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Алалхусус, сутунҳои айвонҳои Маҷмаа бисёр ҷолибу диққатҷалбкунанда буда, пурра кандакорӣ шудаанд ва амалҳои нақшу нигорро асосан ҳунармандон ва рассомони ботаҷриба иҷро намудаанд.
Бузурукова Наргисахон - китобдори
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”