Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Т А Д Р И С Г О Ҳ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо ташаббуси Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ имрӯзҳо «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба дилкушотарин сайргоҳи шаҳрвандон, муҳимтарин зиёратгоҳи меҳмонони ватаниву хориҷӣ, муносибтарин макони баргузории маҳфилҳо, қавитарин маркази дастхату китобҳои нодир ва зеботарин мулоқотгоҳи зиёиён табдил ёфтааст. Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ яке аз иншоотҳои ин маҷмаа ба ҳисоб меравад, ки хеле тамошобоб аст. Ин макон мувофиқи таомули суннатии истиқоматгоҳи аҷдодонамон бо ду бахш: ҳавлии берун –бо айвон, меҳмонхона, тадрисгоҳ ва ҳавлии дарун бо меҳмонхона- шабистон, коргоҳ анбор, ошхона сохта шудааст.

Инак, мо мехоҳем перомуни тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ маълумот диҳем. Тадрисгоҳ-ҷои омӯхтани илм, мушоираи шоирон, баҳсгоҳи илмӣ ба амсоли мантиқ, фалсафа, калом ва ғайра ҳисоб меёбад. Тӯли фаъолияти зиёда аз яксола дар ин макон беш аз 300 адад дастхатҳо ва китобҳои нодир аз байни аҳолӣ ҷамъ ва харидорӣ  гардидаанд. Китобҳо бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ-ӯзбекӣ китобат шудаанд. Дар ин ҷо асарҳои мутафаккирони бузурги форсу тоҷик ба монанди «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Девон»-и Ҳофиз, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Куллиёт» ва «Ҳафт авранг»-и Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор, «Ахлоқи мӯҳсинӣ» ва «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Захират-ул-мулук»-и Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва дигарон гирдоварӣ ва ҳифз гардидаанд. Ҳамчунин фарҳангҳои «Ғиёс-ул-луғот», «Чароғи ҳидоят», «Бурҳони қотеъ», асарҳои таърихӣ, илмӣ, ба монанди «Таърихи Табарӣ», рисолаҳои тиббӣ, ахлоқӣ, таърихи мазорҳои Мовароуннаҳр, китоб дар илми калом, мантиқ, ҳикмат, фалсафа мавҷуданд. Алҳол зиёда аз 30 адад китобҳои тадрисгоҳ аз ҷониби донишмандони донишгоҳҳои вилоят ба алифбои кириллӣ баргардонида шудаанд. Аз ҷумла, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Мантиқ-ут-тайр»-и Ф.Аттор ва ғайра, ки хоҳишмандон ва ихлосмандони осори ниёгон метавонанд бемамониат аз ин китобҳо истифода намоянд. Ин асарҳои нодир дар витрина ва токчаҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар маҷмӯъ тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ барои сӯҳбату музокира бо олимону меҳмонони барӯманд, макони баргузории маҳфилҳои илмиву адабӣ, ҷои омӯзиши дастхатҳо маҳсуб меёбад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТ А Д Р И С Г О Ҳ
Scroll to Top