Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ороишоти гесӯвон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҳар давру замон духтарон ва занони тоҷик ба ғайр аз либосҳои зебо ва шинамро ба бар намудан, бо зару зевар худро оро додан, гесӯвони худро низ бо ҳар гуна ороишот зеб медоданд. Шоирон барои тасвири зебоии занон ва духтарон онҳоро ба ганҷу хазина ва зулфи сиёҳашонро ба морҳои хазинабон ташбеҳ менамуданд.

Бояд қайд кард, ки дар деворнигораҳои Афросиёб (асрҳои VI-VII) сирати зан аз қисми қафояш бо гесӯвони дарозӣ оро додашуда тасвир карда шудааст. Яъне аз ин бармеояд, ки дар Осиёи Марказӣ аз давраҳои қадим занон ва духтарон гесӯвони худро бо ҳар гуна ороишот зеб медоданд. Маснуоти ороишии сар, ки асосан онро арусон истифода мебурданд “қошитилло” ва “баргак” буда, заргарон онро бо як нозукии хос месохтанд.

Чунин намуди ороишотро арусон барои зеби сари худ рӯзи тӯй ва солҳои аввали хонадорӣ истифода мебурданд. Ин намуди ҷавоҳирот аз қатораи ҷузвҳои нуқрагӣ ё аз тилло сохта шуда, бо ҳам мураббаъ пайваст карда мешуд. Қисматҳои поёнии он бо нақшҳо ва сангҳои пурарзиш оро дода мешуданд. Қисми поёниаш аз қатораи овезаҳо бо ҷузвҳои тунукагии ромбшакл зеб дода мешуд.

Амали оро додани зулф, ҳалқаи мӯйи гесу, дастаи борики мӯйи сар, ки занон ба баногӯш оварда, каҷ карда бо ҳар гуна ороишот худро оро медиҳанд, зулфороӣ мебошад. Гесувони худро бо ҳар тарз оро додан дар байни тоҷикон аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Заргарон барои нигоҳ доштани зулф- зулфак месохтанд, ки тавассути он зулфро аз парешонӣ нигоҳ медоштанд. Саризулфиҳоро аз нуқра сохта, ба он оби тилло медавонданд. Саризулфиҳо дарозшакл буда, аз найчаҳои нақшдор иборат буда, дар охирашон кунгураҳо пайваст карда мешуд. Барои ороиш ба кунгураҳо марворид мечаспониданд.

Яке аз дигар намуди ороиши гесу “заркокул” ё “мӯйҳои тиллоӣ” мебошад, ки ин намуди чошпопук аз тангаҳои қадима сохта шуда, қисми болоиаш тангаҳои ҳаҷмаш калон ва ду қатори қисми поёниаш аз тангаҳои хурд иборат мебошад. Намуди дигари “заркокул” дар байни табақаҳои доро машҳур буд, ки онро аз тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин месохтанд.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” зиёда аз 32 намуди ороишоти гесувони занона вуҷуд дорад.

Имрӯз ҳам занону духтарон чун анъанаи гузаштагон ба ороишоти гесувон ва зулфони худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Онҳо мутобиқи давру замон бо тарзҳои гуногун гесувони худро оро медиҳанд. Ҳамасола духтарони тоҷик дар фестивал-озмуни “Чакомаи гесу” ширкат намуда, анвои гуногуни зебу зиннат додани гесувони худро пешкаш менамоянд. 

Хоҷаева М. - Мудири шӯъбаи таърихи
давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООроишоти гесӯвон
Scroll to Top