Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Либоси миллии мардонаи вилояти Суғд дар асрҳои XIX - XX

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Либоси миллии тоҷик бо тарзи зиндагии мардум ва фаъолияти ҳаррӯзаи он алоқаи зич дорад. Равандҳои мураккаби таърихӣ ва робитаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар раванди таҳаввулоти либоси мардумӣ инъикос ёфтаанд. Ҳар як давраи таърихӣ тарҳи зебоии худро ташаккул дода, бо ҳамин тағйироти муайян ҷаҳонбинии ҷомеа ва инсонро нишон медиҳад.

Либоси миллии тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, дар шароити равобити фарҳангӣ ба либосҳои дигар халқҳои Осиёи Марказӣ таъсири назаррас гузоштааст. Ҷузъиёти асосии либоси аҳолии Хуҷанд дар тӯли асрҳои зиёд ташаккул ёфтааст.

Асосан либоси мардонаи миллӣ аз курта, шим ва ҷома иборат буд. Либосҳо асосан аз пораҳои матоъ дар соддатарин намудҳо дӯхта мешуданд.

Куртаи мардона навъҳои гуногун доштанд: куртаи гарданааш буриши  нимдавра (кифтак, кифтӣ, сарикифтӣ, куртаи муллоӣ,..). Ин намуди куртаҳо номҳои дигар низ доштанд: тавқ, гирди гулӣ, тарвоза ва бо рахи амудии изофӣ, ки номи шоинак, чокак, гӯшак, синачок, кавзакдор доштанд.

Дар байни мардуми оддӣ ҷомаҳои пешаш кушод (чакман, чапон, яктак, ҷелак), ки аз ҷиҳати буриш ба куртаи анъанавӣ монанданд, васеъ истифода бурда мешаванд. Дар Хуҷанд ҳангоми анҷом додани корҳои саҳро одат буд, ки либоси кӯтоҳи сабуки сафед пӯшида, аз шуоъҳои офтоб худро ҳифз мекарданд.

Дар асрҳои XVII – XVIII ҷомаҳои остини дароз то ангушт доштанд. Ҷавонон асосан ҷомаҳои аз матоъҳои рангоранг (беқасаб, алоча), мардони калонсол бошанд, ҷомаҳои рангаи тиратар (сабз, кабуд - сабз) ба бар мекарданд. Дар ибтидои  асри ХХ бошад ҷомаҳои нимабрешими сиёҳ паҳн гардид.

Ҷомаи пахтадори лагандакардашуда барои ҷавонони навхонадорон ва барои мардони калонсол ҷомаҳо аз матои пахтагин (сандуфи сиёҳ, сурх) дӯхта мешуданд. Сараки остин ва гирду атрофи ҷомаҳоро бо ҷиҳаки ресмонини бофташуда оро медоданд.

Ҷомаҳои астардори бепахта (чапон, мӯнисак ё мурсак), инчунин ҷомаҳои беастари мардона (ҷелак, аврачапон, авраҷома) аз матоъҳои абрешимию нимабрешимӣ (беқасаби раҳ-раҳ, алочаи байроқ) – и аз рахҳои васеи зард, сабз, кабуд ва сафед бо рахҳои бориктари сурху сиёҳ, баъзан сабзу сиёҳ ва барои мардони калонсол аз матоъи рах-рахи зич (зирагӣ), ки рангҳои нисбатан тира сиёҳ ва сабзу кабуд дӯхта мешуданд.

Дар Хуҷанд монанди дигар минтақаҳои Тоҷикистон мардҳо рӯймолро аз болои курта ба миён мебанданд ва пеши ҷомаро кушода мепушанд. Рӯймоли миёнбанди мардона аз матоъи пахтагини якранг, ки дар канораш нақшҳои ислимӣ оварда ё атласи дутарафа гулдӯзӣ кардашуда  дӯхта мешавад.

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX ба Осиёи Миёна аз Аврупо навоварӣ ворид шуд, ки он камзӯл, румча ном дошт. Он  ба тани одам шинам буда, нақшдор дӯхта мешуд. Ба вуҷуд омадани чунин навъи либос бо истилоҳи Осиёи Миёна аз тарафи Россия алоқаманд мебошад. Маҳз дар ҳамин давра камзӯли беостин, ки услуби аврупоӣ дошт пайдо шуд.

Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” намудҳои зиёди ҷомаҳои пахтагину бепахта, камзӯлҳо ва рӯймолҳо маҳфузанд, ки дар толори намоишии Осорхона ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Исломова С.- Корманди илмии шӯъбаи таърихи
давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЛибоси миллии мардонаи вилояти Суғд дар асрҳои XIX - XX
Scroll to Top