Зардӯзӣ як навъи санъати ороиши амалӣ буда, дар байни дигар ҳунарҳои миллӣ ҷои махсусро ишғол менамояд ва як соҳаи санъати ҳунармандист, ки тавассути риштаҳои зарҳалини сафеду зард дар рӯи матоъ нақшҳои гуногун офарида мешавад.
Дар гузаштаи начандон дур зардӯзӣ ғайр аз рӯи матоъ дар рӯи чарм, карбос ва пашм низ дӯхта мешуд. Маъхазҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи аз тарафи арабҳо забт шудани сарзамини Суғдиён либосҳои зардӯзиро сарлашкарон ба бар доштанд. Оид ба санъати зардӯзӣ гуфтаҳо ва навиштаҷоти сайёҳони машҳури хориҷӣ оварда шудаанд, ки дар давраҳои гуногун ба шаҳрҳои Осиёи Миёна омада буданд. Онҳоро сарулибоси зардӯзишудаи аҳли хонаводаи шоҳ ба ҳайрат оварда буд. Либоси зардӯзиро ба ғайр аз аҳли шоҳ дигар касе ҳақ надошт бипӯшад. Ҷомаи шоҳ танҳо ба тарзи дӯхти “дирҳам” зардӯзӣ карда мешуд, ки нақшаш ба офтоб монандӣ дошт. Дертар сарлашкарон, амалдорон низ ҷомаҳои зардӯзишударо мепӯшиданд. Ҷомаи сарлашкарон бо захми нусхаи “нишон” зардӯзӣ карда мешуд, ки он мақоми шахсро муайян мекард ва ин гуна ҷомаро “калуча” мегуфтанд.
Ҳунармандони зардӯз дар ҷомаҳо асосан нақшҳои “бутадор”, “қӯшбодом”, “барги хазон”, “ хишт”, “гули шохча”, “барги шуллук”-ро зардӯзӣ мекарданд. Дар дарбори амир корхонаҳои махсусе сохта шуда буданд, ки устоҳои гулдастро муттаҳид менамуданд.
Дар асрҳои XIX-XX ҳунармандон зардӯзиро асосан дар рӯйи матоъҳои махмал, шоҳӣ ва барқут медӯхтанд. Матоъи барқут сифатан баланд буда, онро аз давлатҳои Форс, Туркия, Ҳиндустон, Сурия, Фаронса меоварданд. Риштаҳои тиллорангу нуқрагинро аз давлати Русия меоварданд, ки онро “ликак” мегуфтанд. Имрӯзҳо, ҳунармандони зардӯз барои пурра намудани нақши гулу баргҳо бисёртар аз ресмонҳои абрешими рангҳои гуногундошта истифода мебаранд.
Дар санъати зардӯзии имрӯзаи тоҷикӣ бештар навъи гулдӯзӣ маъмул буда, онро барои зиннат додани ҳар навъ ашёи савғотӣ, сару либоси арӯс ва умуман сару либоси занон истифода мебаранд. Дар байни тоҷикон хусусан тоқиҳои зардӯзии занона - зартӯппӣ машҳур аст. Дар теппаи тоқиҳо нақшҳои “хуршед”, “гули ғунча”, “нигина”, “наврӯз”, “раъно” зардӯзӣ карда мешавад.
Дар фонди Осорхонаи таърихӣ камзӯл, сартӯр, куртаҳои зардӯзӣ вуҷуд дошта, тоқиҳои зардӯзӣ дар толори намоишии “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ”-и МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба намоиш гузошта шудаанд.
Муҳаррамахон Хоҷаева
Мудири шӯъбаи таърихи давраи
муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”