
“Китоб маҳзани илму дониш, сарчашмаи завқу хирад ва фуруғи субҳи доноӣ мебошад”.
Эмомалӣ Раҳон
“Аз хурдӣ ёд дорам, ки мардуми тоҷик дар байни ҳамаи китобҳо девони Ҳофизро китоби мукаддастарин шуморида, ҳатто дар гаҳвора онро ба зери болини тифли навзод мегузоштанд, то ки фарзанди онҳо хушбахт ва ҳамчун одами назаркарда бузург шавад ва монанди Ҳофиз азизи мардумон гардад”.
Дар маъхази Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” китоби мазкур қарор дорад, ки дар Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Девон чопи сангӣ буда, соли 1329/1928 ба табъ расидааст. Китоб аз ғазал, рубоӣ, мухаммас, соқинома ва ғ. иборат мебошад. Китоб аз 144 саҳифа иборат буда, комил аст. Саҳифаҳои афтодагӣ надорад ва дар ҳолати хуб қарор дорад. Андозаи китоб 28х16 буда, забонаш форсӣ мебошад. Муқоваи китоб оддӣ буда, бо картони сабз сохта шудааст.
Мавҷуда Бойматова - корманди илмии шуъбаи дастхатҳо
ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”