Дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали фарҳангию сайёҳии «Суғди бостон» бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд» доир гардид. Дар Фестивали мазкур муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, иштирокчиёни Лагери ҷумҳуриявии Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол ва сокинону меҳмонони маркази вилоят иштирок намуданд.
Сараввал ширкатдорони фестивал аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар растаҳои Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ ташкил гардида буд, дидан намуданд. Ҳамчунин иштирокдорон аз боздиди Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ низ таассуроти нек бардоштанд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат менамояд.
- Бояд ёдовар шуд, ки вилояти Суғд дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои инкишофи туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад-қайд намуд А.Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.
Ҳадафи аслии баргузор намудани Фестивали мазкур дар вилояти Суғд махсусан дар шаҳри Хуҷанд, ин муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва омӯзишии иқтидори он барои шарикони миллию байналмилалӣ мебошад.
Фестивали фарҳангию сайёҳии «Суғди бостон» бо намоиши консертӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг дар Боғи Камол то дергоҳ идома ёфт.