Ҳифзи саломатӣ ва рушди кормандон дар маркази ҷумҳуриявии клиникаи бемориҳо қарор доранд, зеро саломатӣ яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимӣ ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад. Зеро дар моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки “Ҳар як шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад”.
Яъне, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбати саломатӣ ба сатҳи маърифату маданияти ҳар як шахс вобаста буда, солим будан ин талаботи ботинии ҳар инсон ба шумор меравад.
Ба ин хотир дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гурӯҳи мутахассисони тиббии сайёр, ҳуҷраи ёрирасони тиб бо тамоми лавозимоти зарурии маводҳои тиббӣ баҳри солимии кормандон хизматрасонӣ намуданд.
Хотиррасон намуд, ки ин мақсади муҳим ҳамасола давраи гузариши муоинаи тиббии кормандони муассисаи мазкур, таъмини тиббӣ бо Шӯрои Федератсияи Иттифоқи касабаи вилояти Суғд роҳандозӣ шуда, тибқи нақша – чорабинии шӯъбаи хадамоти ҳифзи меҳнати муассисаи мазкур ва бо ҳамоҳангсозии бо сарварии сардухтур Иномӣ Иброҳим Шарифзода, Филиали маркази давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникаи бемориҳои касбӣ”, инчунин табибони асабшинос, чашм, гӯшу бинӣ, ташхисгоҳ, пӯст, ҷарроҳ ва рентгенолог баҳри беҳдошти саломатии кормандон пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳои оризаҳои занона ва оид ба солим будани ҳар як корманд ва ба дафтарчаи шахсии тиббӣ сабт намудани саломатӣ қайд карда шудаанд.
Бале, саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс ва ҷамъият ба шумор меравад. Зеро тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва саривақтӣ мебошад. Табиист, ки саломатӣ ин гавҳари ноёб буда, ба қадри он расидан даркор аст. Яке аз сабабҳои ба бемориҳо гирифтор шудани ҷомеа ба муҳити нохуб вобастагии калон дорад, ки ҳар рӯз кормандони муассисаи мазкур бо ҷомеа сару кор доранд.
Хулоса, дучор нашудан ба ҳаргуна бемориҳо ва дуруст риоя намудани тарзи солим ин аст рисолати инсонии ҳар як корманд, чунки ҳифзи саломатӣ ин солимии ҷамъият аст.
Валӣ Набизод – котиби иттиолоти
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”