Қарори Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ аз 19.05.2016 таҳти №240 «Оиди баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри ноҳияҳои вилояти Суғд дар «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба тасвиб расид. Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Озмун тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раёсати фарҳанги вилоят рӯзҳои истироҳат шанбе ва якшанбе сурат гирифта, садои мутантани карнай аз баргузории чорабинӣ мужда медод.
Дар растаҳои Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ кулли соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, саноатчиёну маорифчиён, аҳли фарҳангу ҳунар, гулкорону гилкорон, табибону оростакорон дастранҷи худро пешкаши бошандагон ва меҳмонони шаҳр менамуданд.
Дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ бошад, ҳунармандони мардумӣ ба ҳайати ҳакамон композитсияи адабӣ-мусиқӣ аз анъанаҳои миллии мардуми тоҷик пешниҳод мекарданд.
Дар анҷом барои ҳозирин дар иҷрои истеъдодҳои ҷавон ва ҳунармандони халқӣ тибқи Низомномаи озмуни вилоятии «Рӯзҳои фарҳангӣ» суруду мусиқиҳои дилпазир манзур карда мешуд.
Дар Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзӯъ ва ҳунарнамоӣ соҳибихтиёр буданд, вале мақсаду меҳвари асосии озмун марбут ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон дар қаламрави вилоят ба ҳисоб мерафт.
Чи тавре, ки дар Низомномаи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри ноҳияҳои вилоят дар «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» омадааст: «Озмун бо мақсади рушду инкишофи санъати миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллии мардумӣ ва дарёфту ба рӯи саҳнаи ҳунар овардани чеҳраҳои нав гузаронида мешавад».
Алҳол кулли шаҳру ноҳияҳо барномаҳои фарҳангии худро пешниҳод намудаанд ва озмуни Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо мукофотпулӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ, диплом ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида мешаванд.