Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дастхатҳо дар осорхона

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» панҷ шӯъба фаъолият мебаранд, ки яке аз онҳо шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр аст. Дар ин шӯъба наздик 300 адад китобҳои нодиру дастхатҳо ҷамъоварӣ гардида, бо забонҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ китобат шудаанд. Китобҳо аз илми мантиқ, фалсафа, грамматика, таърихномаҳо, луғатномаҳо, улуми илоҳиётшиносӣ, китобҳои фиқҳӣ ва ашъори шуарои форсу тоҷик иборатанд. Яке аз онҳо китоби «Захиратулмулук»-и Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аст. Китоби мазкур дастхати қадима ба ҳисоб рафта, хеле нодир мебошад. Он аз 430 саҳифа ва 10 боб иборат буда, дар мавзӯъҳои шароит ва аҳкоми имондорӣ ва дар адои ҳуқуқи убудият, макоримул ахлоқ ва ҳуснул хулқ, ҳуқуқи волидайн ва оиладорӣ ва таълиму тарбияи фарзанд, аҳкоми салтанат ва валояту имомат, насиҳат ва одобу ахлоқ, ҳуқуқи шукри неъматҳо, дар бораи сабру таҳаммулпазироӣ дар мусибату вазниниҳои ҳаёту зиндагонӣ, мазаммати такаббурӣ ва ғазаб баҳс мекунад ва бо хотима ба анҷом мерасад. «Захиратулмулук» асари панду ахлоқӣ  буда, дар он далелҳо аз китоби муқаддаси Қуръон ва аҳодиси набавӣ низ оварда шудааст. Ин асар аз ҷониби мутахассисони «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ҳарфгардон гардидааст. 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДастхатҳо дар осорхона
Scroll to Top