
Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати пурифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ сидқан шодбош мегӯяд.
Ба ин муносибати самимӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти Ватани азизамон ба хонадони ҳар яки шумо осоишу хушбахтиҳои зиндагиро орзумандем.
Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки “Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳост, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он , дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст”
Бале, ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ неъмати пурқиммат буда, ба некӯаҳволии мардуми шарифи бонангу номус дар пешрафту ободии кишвари Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузошт.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар баҳри мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии мардум, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош намоем. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо, бахусус ҷавонони худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ пос дорем.Ба қадри сулҳу ваҳдат ва оромии диёри азизамон бирасем ва ба шукуфоии рушду тараққиёти кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошем.
Бори дигар ба ҳар яки шумоён ин рӯзи фархундаро муборак гуфта, осмони соф, ваҳдати устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ, зиндагии осоишта ва тани сиҳату комёбиҳои беназирро таманно дорем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!