Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақшҳои нилуфари дарвоза

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Замоне ки инсон рӯ ба рӯи дарвозаи қалъаи таърихӣ мегардад,  лаҳзаи дидан  аз санъати нотакрори муъҷизаофар  ба ваҷҳ меояд. Бале, тамоми дарвозаҳои Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки он аз панҷ дарвоза иборат аст, устоҳои ботаҷрибаи ҳунармандони мардумии шаҳри Истаравшан, бародарон усто - Солеҳ ва усто- Шамсиддин сохта ба истифода доданд.

Зикр намуд, ки дарвозаҳо  аз чӯби  дарахти арча сохта шуда бо чӯби дарахти чормағз рӯйкаш карда шудааст. Баландии ҳар яке дарвозаҳо 3 метру  60 см буда бо нақши ислимӣ ва морпеч кандакорӣ карда шудааст. Инчунин занҷираш бо намудӣ рехтагарӣ аз маводи латун сохта шуда, зарҳалин мебошад.

Дар асл, дару дарвозаҳо дар меъморӣ, ҷузъи иморат, табақаи чӯбин ё оҳанин барои пӯшонидани даромадгоҳи  манзил, масҷид, мадраса, мақбара ва ғ.мувофиқи андозаю сохти худ гуногун сохта ба истифода дода  мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дарвозаҳо аз ибтидои  пайдоиши худ, пеш аз ҳама моҳияти мудофиавӣ дошта бошад ҳам бештар дар ансамбли меъморӣ чун унсури ороишӣ хидмат мекунад.

Воқеан, дар замонҳои пеш агар ба таърихи куҳан назар афканем, шаҳрҳо аз якчанд қисмат  иборат буданд ва маъмулан дарвозаҳоро дар сари роҳҳои даромадгоҳи маркази куҳандиз, шаҳристон ва работ мегузоштанд. Шаҳрҳо  дар он даврон барои муҳофизат бо деворҳои баланд, бурҷҳо, тиркашҳо ва дигар воситаҳо ҳифзу ҳимоя карда мешуданд. Инчунин дар даромадгоҳи арк, қалъа, қаср, масҷиду мадрасаҳои калон ва ҳавлиҳои бошукуҳ як ё якчанд дарвозаҳои кандакорӣ насб карда мешуданд, ки айни замон воситаи таъминоти бехатариро иҷро мекард.

Қобили зикр аст, ки то ҳоло дарвозаҳо аҳамияти худро гум накарда, ба сифати даромадгоҳи корхонаҳои саноатӣ, биноҳои маъмурӣ ва ҳавлиҳои шахсӣ хидмат мекунад. Масалан, дар биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд, чойхонаи ба номи Қалъаи Хуҷанд, Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Мақбараи Шайх Муслиҳаддин, Мақбараи рамзии Шайх Камол, Чойхонаи Қасри фарҳанги “Арбоб” аз ин қабиланд, насб гардиданд.

Ёдовар шуд, ки чунин дарвозаҳоро  ба монанди   шаҳрҳои  бостонии  Истаравшан,  Панҷакент, Исфара, Конибодом, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои кишвари Тоҷикистон дидан мумкин аст, ки бо нақшу нигораҳои  гулу нилуфар, банду танобҳои печ дар печ ва анвои гиреҳҳои пурнақшу нигор ва кандакорӣ ба назар мерасанд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНақшҳои нилуфари дарвоза
Scroll to Top