Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мусиқӣ- пайвандгари дӯстии халқҳо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шоми 21-уми соли 2025  бахшида ба Рӯзи байнавлмиллалии мусиқӣ бо ташаббуси ҷамъияти “Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд” чорабинии барномаи фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯёни  факултаи шарқшиносии  МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Гафуров” ва мухлисону ҳаводорони савту навои мусиқӣ , дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид.

Зикр намуд, ки силсила чорабиниҳои фарҳангӣ, семинару конфронсҳои илмию назариявӣ, суҳбату ҳамоишҳо ва вохӯрию мулоқотҳо тарғиби санъати мусиқӣ мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстонаи байни миллатҳо, рушди фарҳанг ва мубодилаи таҷрибаи байни кишварҳоро  ғанӣ  мегардонад.

Чорабинии барномаи фарҳангиро Муқим Темуров- роҳбари “Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд”, ҳусни оғоз бахшида, оид ба равнақу ривоҷи санъати мусиқии фарҳангии байни ду кишварҳои Тоҷикистону Фаронса ибрози ақида намуд.

Дар фестивали мусиқӣ аз ҷониби дастаи ҳунармандони вокалистони коллеҷи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз  ва суруду  рақсҳои миллӣ, инчунин асарҳои композиторони классикони муосир садо дода шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки забони мусиқӣ сарҳад ва ба тарҷума ниёз надорад.. Бале, садои форами мусиқӣ аз дил ба дил ҷо мегирад, тафаккури инсонро ба дунёи дигар парвоз мекунонад.

Қобили зикр аст, ки чунин барномаҳои  фарҳангӣ имконият медиҳад, ки робитаҳои фарҳангии байни ду кишвари Тоҷикистону Фаронса ба як макони вохӯрӣ табдил  ёфта,  чун анъана ҳамасола роҳандозии  чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки мухлисони санъати мусиқӣ ва тамошобинон бо гуруҳи дастаи ҳунарии мусиқинавозон ҷашн гирифта мешавад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМусиқӣ- пайвандгари дӯстии халқҳо
Scroll to Top