Дар радифи он чорабиниҳое, ки ба ифтихори ҷашни 75-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст, дар МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» низ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ доир гардид. Маҳфил «Худшиносии миллӣ ва оини ватандорӣ дар ашъори Лоиқ» унвон дошта, шоирону адибони ҳавзаи вилояти Суғдро гирд овард.
Чорабиниро омири кулли МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳимов И.С. оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ намуданд. Дар маҳфил Шоири Халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, адиби байналмиллал ва бачаҳо Муҳаммад Субҳон, шоира Муаттара Ғаниева, шоири ҷавону боистеъдод Баҳромҷони Раҳматзод иштирок намуда, аз фаъолияти адабии Лоиқ Шералӣ ва дӯстию ҳамкориашон бо шоир суханронӣ намуданд. Ровии мумтоз Аслам Каримов ва Исмоилҷон Алиев мухлиси шоир шеърҳо қироат намуданд. Ҳамчунин шоираи ҷавону умедбахш Шарофиддинова Тайибахон шеъри ба Лоиқ ва Ваҳдати миллӣ бахшидаашро қироат намуд.
Пешкаши сурудҳо аз ашъори Лоиқ Шералӣ аз ҷониби овозхони ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» Сардор Солиев дар таъмини истироҳати иштирокдорон мусоидат намуд.
Дар маҳфил ҳамчунин директори филармонияи шаҳри Тольяттии Федератсияи Русия Семёнова Лидия Валентиновна низ иштирок ва суханронӣ кард.
Маҳфил дар сатҳи баланди адабиву фарҳангӣ ва хеле хубу хотирмон ҷараён гирифт.
Мавриди зикр аст, ки устод Лоиқ Шералӣ баъди хатми мактаби деҳаи Мазори Шариф омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент, сипас факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории пойтахтро ба итмом расонид. Ходими шӯъбаи адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ходими адабии садову симо, мудири шӯъбаи назми Иттифоқи Нависандагон, мушовири Иттифоқи Нависандагон, сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», раиси Бунёди забони тоҷикӣ буд. Устод Лоиқ соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, орденҳои «Нишони фахрӣ», «Дӯстӣ», медали «Барои меҳнати пуршараф», унвони Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи байналхалқии «Нилуфар» гардида буд.