Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Мунтахаби ашъор”-и Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест.

Камоли Хуҷандӣ - шоир ва орифи бузург бо абёти пурмуҳтаво ва андешаҳои саршор аз ғояҳои баланди инсонӣ ҳанӯз дар замони зиндагиаш маҳбубияти хос пайдо карда будааст.

Дар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ номи пурраи шоир Камолиддин Абӯаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ сабт шуда, ӯ бо тахаллуси Камол шеър гуфтааст.

Камол тақрибан дар байни солҳои 1318-1320 дар Хуҷанд таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо бештари илмҳои замонашро аз бар кардааст. Сипас илму дониши худро дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро такмил дода, чанде баъд бо нияти Ҳаҷ ба сафар баромадааст. Баъди мусофират дар сарзаминҳои араб ва зиёрати Каъба шаҳри Табрезро ҳамчун маркази ободу зебо дарёфта, дар он муқимӣ шудааст.

Шаҳри Табрез дар замони Камоли Хуҷандӣ пойтахти ҳукумати канории муғулҳо маҳсуб шуда, дорои боғистонҳои зиёд будааст. Дар осори таърихӣ ва тазкираҳо шаҳри мазкур ҳамчун макони хушбоду ҳаво бисёр сифат шудааст. Обрӯю нуфузи Камоли Хуҷандӣ дар ин шаҳр ба ҳадде баланд будааст, ки ҳокимони замон бо ӯ мулоқот карда, аз файзи суҳбату андешаҳояш баҳравар мешудаанд. Дар сарчашмаҳо низ доир ба робитаи шоир бо амирони пуриқтидори замон - Султон Ҳусайни Ҷалоирӣ, Тӯхтамишхон, Амир Темури Курагон ва Мироншоҳ ҳикоёту ривоёти мухталифе мавҷуданд.

Бо вуҷуди ин, Камол дар ин шаҳр бо хоксорӣ ва қаноат умр ба сар бурда, бештар машғули эҷоди шеър будааст.

Ҳангоми ҳуҷуми Тӯхтамишхон ба Табрез бо фармони завҷаи ӯ Камоли Хуҷандиро дар қатори асирони дигар ба шаҳри Сарой меоваранд ва адиби нозукбаён ёздаҳ сол дар он ҷо зиндагӣ мекунад.

Баъди аз тарафи Амир Темур забт кардан ва ба харобазор табдил додани Сарой шоир озод гардида, ба Табрез бармегардад ва рӯзгори минбаъдаи ӯ то лаҳзаи охири умр дар Валиёнкӯҳи ин шаҳр гузаштааст. Шоир баъди вафоташ дар боғи ободкардаи худаш дафн карда мешавад.

Баъди соҳибистиқлолӣ ва пайдо шудани имконият мо дар шаҳри Хуҷанд мақбараи Камолро бунёд кардем ва турбати ӯро аз Табрез ба ин шаҳри бостонӣ овардем. Бо ин роҳ мо тавонистем рӯҳи покашро аз ғарибӣ озод намоем ва Хуҷандро дуюмбора макони абадиаш қарор диҳем. Ҳоло мақбараи шоир мавзеи зеботарини шаҳри Хуҷанд ба шумор рафта, сокинони кишвар ва меҳмонони зиёд аз он дидан мекунанд ва ба шахсияти ин шоиру ориф эҳтиром мегузоранд.

 Камоли Хуҷандӣ аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузоштааст, ки мазмуни аксари онҳоро ақидаҳои башардӯстона ташкил медиҳанд.

Дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории осори илмиву адабии бузургони миллати тоҷик Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” нақши муассир дорад. Айни ҳол дар толори экспозитсионии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхаҳои нодири дастнавису чопи сангии шоирону мутафаккирони барҷастаи миллат ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ҳоло қадимтарин нусха, ки дар асри XVI китобат шудааст “Захират-ул-мулук”-и Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ мебошад.

Соли 2023 кормандони шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашри ҳамин муассиса тасмим гирифтанд, ки нусхаи ашъори Камоли Хуҷандиро пайдо кунанд.

Албатта дар баъзе аз китобхонаҳои дохиливу хориҷа осори ин орифи бузург ба назар мерасад, аммо фақат дар шакли электронӣ.

Ниҳоят дар аввали соли 2024 нусхаи “Мунтахаби ашъор”-и Камоли Хуҷандиро пайдо карданд.

Нусхаи мазкур дастхат буда, соли 1340/1921 китобат шудааст, аммо дар тарқимааш номи котиб зикр нашудааст.

Китоб бо ғазали

Мани дилхаста ба дарди ту даво ёфтаам,

Ранҷҳо дидаву имрӯз шифо ёфтаам... оғоз шуда,

бо ғазали

Ҳар даме бо дигаре ноз макун,

Чашмам ба рӯйи хасон боз макун... ба охир мерасад.

Дар нусха принсипи ягонагии байтҳо ба назар гирифта шуда дар ҳар варақ шаш байт ҷой дода шудааст. Дар умум дар нусха 200 ғазал ҷамъоварӣ шудааст. Ҳолати умумии китоб хуб буда андозаи он 25х15 мебошад. Муқоваи китоб бо картони оддӣ сохта шуда бо матои сурх рӯйпӯш шудааст

Китоб гарчанде, ки мунтахаб ҳам бошад, аммо яке аз нодиртарин дар муассиса ба шумор меравад, ҳоло ин нусха дар толорҳои намоишии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба маъразӣ тамошо гузошта шудааст.

Исобоев Даврон – мудири шуъбаи дастхатҳо
ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

       

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Мунтахаби ашъор”-и Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top