Тавре маълум аст, санаи 18-уми июни соли равон дар назди бинои Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҳти садои карнай чорабинии Иди зардолу ва дар Маҷмаи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали гулҳо бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид.
Раиси вилоят ва меҳмонон - иштирокчиёни Ярмаркаи минтақавии тиҷорат "Суғд-2016"-ро дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ва боғи фарҳангию фароғатии Боғи Камоли Хуҷандӣ фарҳангиёни шаҳри Хуҷанд бо қироати шеъру суруд, рақсу таронаҳои ҷолиб ва намоишномаҳои рангин пешвоз гирифта, табъи иштирокдоронро шод гардониданд. Фестивали гулҳо ба маънои томаш пуршукӯҳу хотирмон ҷараён гирифта, меҳмонону иштирокдорон аз тамошои гулҳои рангорангу намоишномаҳои пурмазмун маънии баланд бардоштанд. Ҳамчунин, гулпарварони вилоят ҷиҳати кишт ва парвариши гул ба иштирокдорон маълумот дода, сокинонро болидарӯҳ сохтанд.
Дар кори фестивал намояндагии коргоҳу муассисаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат варзида, намудҳои гуногуни зардолу ва гулҳои ороиширо ба маърази тамошо гузоштанд.