
Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми шарифи кишвари Тоҷикистон ва ҳамзабонони арҷмандро бо фарорасии ҷашни муқаддаси Иди Қурбон, ки яке аз маросимҳои дини мубини ислом ва суннати писандидаи мардуми мусалмонон мебошад аз самими қалб шодбош мегӯем.
Бигзор ҷашни мубораки Иди Қурбон иди имону имтиҳон ва иди хайру эҳсон ба ҳар хонавода шодмонӣ, ризоят ва осудаҳолӣ, саломатии қавӣ дар зиндагӣ, рӯзгори пур аз меҳру муҳаббат, хонаободӣ ва дар корҳоятон муваффақиятҳои беназиру сарбаландӣ ато намояд.
Иди қурбон муборак!