Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ёдгориҳои бостоншиносӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бостоншиносӣ илмест, ки таърихи ҷамъияти инсонро дар асоси ёдгориҳои маданияти моддӣ меомӯзад. Ба маънии васеъ онро таърихи замони гузашта низ меноманд. Усули асосии омӯзиши ёдгориҳои археологӣ ҳафриёт мебошад.

Гуфтан ба мварид аст, ки бостоншиносӣ бозёфтҳои  алоҳида ва маҷмуи ҳодисаҳо, хосиятҳо ё чизҳои алоҳида тадқиқшуда, ки дар натиҷаи ҳафриётҳои археологӣ ба даст омаданд, мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Ба ин хотир кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар ҳамкорӣ бо таҳлилгоҳи институти Геоантропологияи Макс Планки Ҷумҳурии Федеративии Олмон  тадқиқоти илмиро дар самти археоботаника ба кор шуруъ намуд.

Зикр намуд, ки археоботаника илмест, ки таъсири мутақобилаи инсон ва растаниро дар аҳди қадим тавассути барқарорсозӣ ва таҳлили боқимондаҳои растаниҳои қадим, ки аз ёдгориҳои бостоншиносӣ дарёфт шуданд. Ӯ ҳамчун далели илмӣ барои омӯзиши масъалаҳои муҳим аз қабили пайдоиши растаниҳои қадима, рушди кишоварзӣ, барқарорсозии муҳити зисти инсон дар гузашта, таъмини фаъолияти зисти инсон, таркиби ғизои инсон дар гузашта ва сохтори иқтисодӣ ва ғ. хизмат мекунад.

Бояд гуфт, ки таҳлилҳои боқимондаи растанӣ имконият медиҳад, ки ба  чанд саволҳо шояд,  посух бигирем: Кадом намуди зироат ва ба кадом  миқёс аз тарафи инсон парвариш карда мешуданд?. Рушди технологияи соҳаи кишоварзӣ то кадом андоза ривоҷ ёфта буд? Кадом намуди растани барои доруворӣ, хӯрокворӣ ва дар соҳаи техника истифода мешуданд?

Ба ин васила барои дуруст посух гирифтан аз ҷониби мутахассиси ҷавон  Маҳмудов Нурулло – ташхисгар- реставратори таҳлилгоҳи муассисаи мазкур  як миқдори муайяни хок аз қабати мадании Қалъаи таърихии Хуҷанд ва дигар нуқтаҳои шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳафриётҳои бостоншиносӣ ва дар рафти корҳои сохтмонӣ ҷамъоварӣ карда  шуда буданд, марҳилаи аввали тадқиқоти корҳои флотатсионӣ, яъне раванди ба даст овардани растаниҳо бо тариқи шустушӯ бо рехтани об оғоз гардид.

Қобили зикр аст, ки ҷамъоварии донаҳои хурди растаниҳо баъди хушконидашуда  барои таҳлил ва муайян намудани ташхис  дар зери микроскоп ба таҳлилгоҳи институти Макс Планки Ҷумҳурии Федеративии Олмон равона карда мешавад.

Ногуфта намонад, ки дар самти тадқиқоти ташхисгарӣ   саҳми Бобоҷонова М- устоди бостоншиноси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров ва Тошматов Даврон  – корманди  Осорхонаи таърихии вилоояти Суғд хело назаррас   мебошад.

Умедворем, ки дар оянда баҳри пешбурди илми соҳаи бостншиносӣ сафи мутахассисон  зиёд ва ҳамкории осорхонаи таърихӣ бо дигар пажӯҳишгоҳҳои мамолики кишвар идома ва ривоҷ хоҳад ёфт.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЁдгориҳои бостоншиносӣ
Scroll to Top