Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Девон”- и Ҳофизи Шерозӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китоб сарчашмаи дониш, аниси кунҷи танҳоӣ, омили асосии ташаккули инсони фарҳангӣ, дӯсти беғараз ва равшангари роҳи имрӯзу фардои ҳар як шахс ва халқияту миллатҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар шахси соҳибфарҳанг ва оқилу доно бешубҳаву гумон медонад, ки сарчашмаи муваффақиятҳояш хондану омӯхтан ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир калиди пешравиҳо ва рушди тараққиёти давлатҳои алоҳида, ташаккули иқтисодиёти ба дониш асосёфта мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд дарк намоем, ки хондани китобу муроҷиат ба сарчашмаҳои гуногуни дониш шарти асосии ташаккули ҷомеъаи тамадунсоз ба ҳисоб меравад. 

Хушбахтона дар ҷомеъаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол барои хондани китоб ва муроҷиат ба сарчашмаи дониш шароити мусоид фароҳамоварда шудааст. Яке аз китоби нодире, ки дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” маҳфуз аст дастхати  “Девон”- и Ҳофизи Шерозӣ аст, ки асари мазкур бо хатти настаълиқи хеле зебо китобат шудааст. Китоб мавриди назар фарогирӣ ашъори шоири тавоно Ҳофизи Шерозӣ буда, дар он ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғ оварда шудааст. 

Мутаассифона, котиб ном ва соли китобатро ёдоварӣ накардааст фақат ҳаминро зикр кардааст, ки рӯзи душанбе ба итмом расонидааст. 

Аз нишонаҳои китоб метавон тахмин кард, ки асар охирҳои асри XVIII ва аввали асри XIX китобат шудааст. Андозаи китоб 26х15 буда, бо картони сабзчатоб ва бо туранҷу сартуранҷи хеле зебо оро дода шудааст.

Мавҷуда Бойматова корманди илмии
шуъбаи дастхатҳо ва табъу
нашри
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Девон”- и Ҳофизи Шерозӣ
Scroll to Top