Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шодиву суруру кӯдакон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола санаи 01-уми июн дар саросари тамоми  кишвариҳои ҷаҳон   таҷлили  иди  “Рӯзи  байналмилалии ҳифзи  кӯдакон “ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, ки Тоҷикистон низ яке аз шумораи чунин кишварҳо ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон  бахусус иқдомҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштагии кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардиданд.

Ба ин хотир  бахшида ба муносибати таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар ҳамбастагӣ бо ташаббуси  ширкати   Ҷ Д М М  “Фаровон- 1” баргузор  гардид. Дар ин  маҳфили  чорабинии  фарҳангию фароғатӣ бо иштироки даҳҳо нафар кӯдакону наврасон ,  сокинону меҳмонон ва истироҳаткунандагони боғи фарҳангӣ ба  барномаи ҷадиди  идона ширкат варзиданд..

Дар даромадгоҳи саҳнаи боғи истироҳатӣ  баргузории чорабинии мазкур бо садо додани  дастаи карнанавозон ва  бо иштироки қаҳрамонони афсонавӣ оғоз гардид.  Боғи фарҳангию фароғатӣ  ба худ як ҷило идона  гирифта  овезаҳои рангоранги идона, курсичаҳои мусиқивӣ, бозии тетрис,  аква-грим, машғули бозиҳои шавқовар ва  нӯшокиҳои ташнашикани ватанӣ, яхмосҳои болаззат  ва  завқу табассуми ҳаяҷоновари нотакрори  кӯдаконро дучанд  намуд.

Ин ҷараёни  шодбошӣ баҳри кӯдакон имконият фароҳам  меорад, ки ҳар як кӯдак бо завқу салиқаи худ  ба бозиҳои шавқовар машғул шавад. Қаҳрамонони афсонавӣ барои болидахотирии кӯдакон  бозиҳои шавқовар нишон дода, дар ҳузури онҳо барои хотираи нек  аксбардорӣ намуданд. Ҳар як кӯдак дар ин рӯзи фаровон пур аз табъу завқи шодии беканори  худ овораи бозӣ буд.

Бояд гуфт, ки чорабинии фарҳангию фароғатӣ барои рушди ҳаматарафаи  солимии кӯдакон ҳам аз чиҳати ҷисмониву зеҳнӣ таъсири мусбат расонида дар оғӯши фазои осмони софу беғубор, муҳити тозагию пур аз меҳру муҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ ҳис карда шуд, ки шодиву сурури кӯдакон то дер боз идома ёфт.

Ёдовар шуд, ки дар фарҷоми  шоми идонаи  таҷлили “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон"  аз ҷониби роҳбарияти  ширкати бонуфузи  Ҷ Д М М “Фаровон- 1”,  баҳри болидахотирии дӯстрӯякон  ва   кӯдакону  наврас он маводҳои ширинӣ ва туҳфаҳои  ҷолиби хотирмон тақдим  карда шуд, ки хело хотирмон буд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШодиву суруру кӯдакон
Scroll to Top