Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Горелеф - санъати барҷаста

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

( идома )

Чанде  пеш дар сомонаи маҷмаа оиди, яке аз шохаҳои санъати ҳайкатарошӣ - горелеф маълумот дода будем. Пайгири ин мавзӯъ гардида,  ин навбат хостем,  масъаларо ба таври васеътар дида бароем. Чи хеле, ки гуфта шуд, горелеф, як жанри ҳунари ҳайкалтарошие мебошад, ки тасвири барҷастаи он аз сатҳи замин аз нисфи худи ҳайкал бештар баромада меистад. Баъзан  ин тасвир ба заминааш андаке мерасад ва гоҳо қисмҳои алоҳидаи муҷассама аз заминааш ҷудо мешавад. Горелеф аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда, маънояш релефи барҷаста мебошад. Умуман,  релеф санъате мебошад, ки дар он фигураҳои аз  замина пешбинишуда, танҳо каме баланд карда мешавад ва тасвири барҷаста ва ҳамворро эҷод мекунанд. Ин шакли санъат аз тамаддунҳои қадим сарчашма мегирад ва онро дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла меъморӣ, ёдгориҳо ва санъати ороишӣ дидан мумкин аст. Санъати релеф чор намуд мешавад: борелеф, горелеф, контррелеф ва койланаглиф. Дар толорҳои намоишии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ин навъи ҳунарҳо дар сатҳи боло нишон дода шудааст. Хусусан дар толори “Истиқлоли Тоҷикистон” санъати горелеф дар ду самт нишон дода шудааст, ки муаллифони он Давронҷон Раҳматов ва Мунира Турсунова мебошанд.

Мунира Турсунова, яке аз бонуҳои санъаткоре аст, ки бо вуҷуди ҷинси латиф буданаш, дар тӯли фаъолияти хеш наздики 100 адад асарҳои калонҳаҷми ҳайкалтароширо офаридааст. Ӯ бештар нимпайкара ва барелеф меофарад. Аз соли 2021 оғоз намуда, дар Қалъаи Хуҷанд деворнигораи монументали (пано-горелеф)-и «30 соли Истиқлолият”-ро дар давоми се сол, дар ҳаммуаллифӣ эҷод намудааст. Мавзӯи горелеф, ин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтараи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  низоми ягонаи иқтисодии он низ аз байн меравад. Ин ба Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодиву ичтимоиро ба бор меоварад. Ҳамчунин дар ин солҳо ба вуқӯъ омадани ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ба даҳсолаҳо ақиб мепартояд. Мушкилиҳо дар ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла иқтисодиёт, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, саноат ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин баъди ба даст овардани сулҳу субот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти каммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро вазифаи аввалиндараҷаи худ донист. Ин мавзӯъ, яъне чор ҳадафи стратегии мамлакат дар горелеф дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст.

Ҳамчунин ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон, ки дар замони Истиқлолият аз нав эхё гардида, ба  Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидаанд ва ҳамасола ҷашн гирифта мешаванд, ки он низ дар мавзӯи алоҳидаи горелеф дарҷ гардидааст.

Муносибати  байналмиллалии Тоҷикистон, ки айни ҳол он  сиёсати дарҳои кушодро пеша намуда, бо тамоми давлатҳои дунё равобити дипломатию дӯстӣ дорад, дар як канори горелеф тариқи  мавзеъҳои таърихии ин давлатҳо, нишон дода шудааст. Инчунин дар горелеф рамзи Созмони Миллали Муттаҳид, ба назар мерасад, ки он маънои чанд пешниҳодҳои Тоҷикистон  оиди масъалаҳои глобалии ҷаҳон, ба монанди даҳсолаи амалиёти “Об барои рушди устувор” ва “Ҳифзи пиряхҳо”- ро дар бар мегирад ва имрӯз он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон имрӯз бо талош ва кӯшишҳои ҳамаҷонибаи  Пешвои муаззами миллат , ба яке аз давлатҳои пешрафта мубаддал гардида, тамоми соҳаҳои кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Диққати махсус ба соҳаи маориф ва тандурустӣ дода шуда истодааст, зеро маориф ва тандурустӣ таҳкурсии ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон мактабҳои типи нав, донишкадаю донишгоҳҳои замонавӣ, инчунин марказҳои тиббии ба стандартҳои ҷаҳонӣ  ҷавобгӯбударо дидан намуд, ки ҳамаи ин  аз сулҳу субот ва пешрафти кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Дилором Саидова - корманди илмии шӯъбаи
таърихи МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГорелеф - санъати барҷаста
Scroll to Top