Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳавзи калони чорбоғ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Атокунандаи тамоми мавҷудоти рӯйи замин аз об сарчашма  гирифта,  табиат ва замин аз ӯ ғизо мегирад. Бо шарофати  он махлуқоту  наботот  ва инсон баҳраманд гарaдида ҳаёт ба сар мебаранд. Беҳуда,  дар урфият нагуфтаанд: “Дар куҷое , ки об ҳаст, дар он ҷо ҳаёт аст”.

Бояд гуфт , ки об омили муҳими табиат буда, аз боришоти борону барф  ба вуҷуд омада мавҷудоварии он аз инсон вобастагӣ надорад.

Дар  таърихи  гузаштаи миқёси кишвари Тоҷикистон , бахусус шаҳри Хуҷанди бостонӣ  назар афканем, барои истироҳату фароғати мардум дар ҳар маҳаллаҳою гузар ҳавзҳои захиравӣ  мавҷуд буданд. Яъне, яке аз ёдгориҳои меъмории қадимаи миллати тоҷик, ҳавзҳои калони обгузар буд, ки гирду атрофашро дарахтони сиёҳбед мешинониданд, ки хонаҳоро аз намиву шӯри эмин нигоҳ медошт. Дар ҳар маҳаллаҳо  чойхона, нонвойхона ва хонақоҳе бо номи “гапхона” барои мардум муносиб буда , пиру барнои маҳалла ҷамъ меомаданд. Дар чойхонаи маҳалла, ки ҷойи ҷамъияти маҳсуб меёфт, дар он хӯрокҳои гуногуни миллӣ, асосан оши ҳарифона  пухта , мардум сарҷамъ дар зери сиёҳбеди лаби ҳавзи барҳаво истеъмолу истироҳат ва фароғат  мекарданд.

Ҳавзҳои маҳаллаи Хуҷандшаҳри қадимаро   мардум бо номаш , ба монанди ҳавзҳои “боло”, “калон”, “қӯшҳавз”, “сари баландӣ”, “тути калон”,”таги чинор” ва дигаре мешинохтанд. Дар замони гузашта оби софи  ҳавзҳо аз як гузар ба гузари дигар бо воситаи ҷӯйборҳои обгузар то ҳатто аз як манзил ба манзили дигар  об ҷорӣ шуда ба ҳавзҳои маҳалла ҷамъ меомад ва сипас об  ба дигар ҳавзҳои  маҳаллаи ҳамсоя  интиқол дода мешуд.

Дар асл, агар ба фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ назар афканем, аз забони арабӣ гирифта шуда, калимаи “ҳавз” маънояш ҷуқурие, ки дар замин барои ҷамъ шудани об мекананд, толоб ва обгирро ифода мекунад.

Ёдовар шуд, ки барои мусоидати истироҳаткунандагон ва   меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Чорбоғи хона- музейи Камоли Хуҷандӣ  ҳавзи калони чорбоғ мавҷуд аст, ки болои  катҳои чӯбини кандакоршудаи миллӣ  нишаста сари як пиёла чойи кабуди тоҷикона нӯшида як лаҳза  истироҳат намудан кайфияти хуш дорад. Инчунин, дар мавзеи  Қалъаи таърихии Хуҷанд назди чойхонаи  “Қалъаи Хуҷанд”  ҳавзи калони пур аз оби зулол ва дар ҳудуди ҳавлии ҳунармандони  мардумӣ зери дарахтони сияҳбед  ҳавзи бо номи   “хонаи адибон” ҷорист, ки  дар асоси расму одат ва анъана тартиб дода шудааст. Дар замонҳои  қадим мардум бовари доштанд, ки дарахти сияҳбед қувваи бадро меронад, аз ин рӯ  онҳоро дар наздикии манзилҳо  мешинониданд. Робитаи бевосита бо сияҳбед руҳияи инсонро аз таъсири манфӣ ҳимоят мекунад.

Ба ин васила сокинону меҳмонон дар зери сояи чатри   дарахтони сиёҳбед сарҷамъ  меомаданд, ки ба худ хусусияти хоси табии дорад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲавзи калони чорбоғ
Scroll to Top