Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сайри шомгоҳон аз макони таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 27-уми майи соли 2025 бо сафари расмӣ ҳайати гуруҳи намояндагони вилояти  Мински Ҷумҳурии Белорусия, таҳти роҳбарии Раиси вилояти Минск, Кушнаренко  Алексей Иванович  ба вилояти Суғд,шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.

Дар ҳошияи  доираи сафари корӣ  ҳайати гуруҳи меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, муҳтарам Анвар Яқубӣ ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуда  аз  Қалъаи таърихии Хуҷанди  МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Зикр намуд, ки ҳайати  гуруҳи  меҳмононро дар  даромадгоҳи саҳнаи  қалъаи таърихӣ Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд.

Сипас, меҳмононро Мутрибахон Мамадҷонова – роҳбалади бомаҳорат барои аз наздик шинос  намудан  аз макони  таърихию фарҳангии  толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ ошно намуд. Дар ҷараёни сайри илмӣ роҳбалади ботаҷриба   аз ашёҳои нодири қадима, эспонатҳои гуногун, санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, кандакорӣ  инчунин аз қабили  дастхатҳо,  навишатаҷотҳо  ва  вобаста ба ҳаёту фаъолияти шоирону  олимон ва адибони  асри гузаштаи шаҳри Хуҷанд , ки  муҷассамаҳои онҳо дар толорҳои намоишӣ қомат  афрохтааст , маълумоти муфассал дод.

Дигаре бошад,таваҷҷуҳи меҳмононро бештар толори намоишии “Истиқлоли Тоҷикистон” аз баларелеф  омода шуда,  дар он давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, раванди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст,  бештар ба худ ҷалб намуд.

Дар идомаи сайри тамошо  меҳмонон аз чойхонаи ба номи “Қалъаи Хуҷанд” ва аз  намунаи ҳавлии ҳунармандони мардумӣ гузар намуда бо тарзи ҳаёти рӯзгордорӣ , ки таҷассумгари анъанаҳои қадимаи ниёгони миллати тоҷикро  инъикос менамоянд, шинос гардиданд. Зимни боздид  эҳсос гардид, ки меҳмонон аз дастовардҳои  беназири  ҷамъоварии  ашёҳои нодири  гузаштагон  ва идомабахши ҳунарҳои  аҷдодӣ шод гаштанд.

Илова ба ин сайри тамошои  ҳайати гуруҳи  меҳмонон аз растаҳои намоиши ҳунармандони мардумӣ, ки  аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ маҳсули ҳунарҳои  дастӣ  ва намояндагони  корхонаҳои саноатии вилояти Суғд  ва ширкатҳои  муштараки мухталифи ватанӣ намунаи маҳсулотҳои хешро  баҳри намоиш  пешкаши меҳмонон  гардониданд  аз наздик шинос  шуданд.

Дар анҷоми дидори лаҳзаҳои хурсандӣ аз ҷониби меҳмонон барои тавваҷҷуҳи  меҳмоннавозӣ дар ин сайри шомгоҳон аз қалъаи таърихӣ ба роҳбарияти муассисаи мазкур арзу сипос намуданд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСайри шомгоҳон аз макони таърихӣ
Scroll to Top