Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ хизматрасонии ҷамъиятӣ (МФП РГУ и ОО) шомил мебошад ва ҳамкориро бо иттифоқҳои касабаи соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати Созмон ба роҳ мондааст. Ҳамасола ҷаласаҳои Шӯрои Федератсияи байналмилалии санаҳои 26-29 майи соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Санаи 27 май бо роҳбарии Водянов Николай Анатольевич иштирокчиён ин ҷаласа аз осорхонаҳои Муассисаи Давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан карданд. Меҳмононро роҳбалади ин муассиса Мирзоева Иноят бо таъриху фаҳрҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос намуданд.
Меҳмонон аз шунидани сайри илмӣ ғизои маънави гирифта бо таассуроти нек рафтанд.
Муродҷони Шовазир – роҳбалади
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”