Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шоми қалъаи таърихии Хуҷанд

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шоми 24-уми майи соли 2025 бо сафари расмии ҳайати  гуруҳи меҳмонон бо сарварии муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзи Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Иброҳим Абдураҳмонов  аз макони таърихию фарҳангии Қалъаи таърихии Хуҷанд боздид ба амал оварданд.

Дар даромадгоҳи саҳнаи қалъаи таърихӣ ҳайати гуруҳи меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд.

 

Баъдан,  Мутрибахон  Мамадҷонова роҳбалади ботаҷрибаи муассисаи мазкур  гуруҳи меҳмононро аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ сайри илмӣ гузаронида аз маводу ашёҳои нодири қадимаи халқи тоҷик,  нигораҳои кандикорӣ,  санъати тасвирӣ ва бозёфтҳои таърихӣ, инчунин аз муҷассамаҳои шоирону олимони аҷам , чун рамзи эҳтиром гузошта шудаанд, маълумоти бештар дод.

Дар идомабахши сайри тамошои илмӣ  меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ба монанди ҳавлии наққошӣ,қолинбофӣ, ҳавлии точир, бофандагӣ. Дуредгарӣ, кулолгарӣ ва дигаре, ки ҳунари аҷдодиро бо маҳорати  баланди касбӣ идома  дода истодаанд , шинос гардиданд.


Дар фарҷоми  боздид  дар  ин лаҳзаҳои пурифтихори шоми қалъаи таърихии Хуҷанд , равобити   дӯстиву бародариро  боз  мепайвандад, изҳори арзу сипос намуданд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШоми қалъаи таърихии Хуҷанд
Scroll to Top