Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзи ҷаҳонии футбол

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 25- уми майи соли 2025  бо ташаббуси МИҲД-и вилояти Суғд дар варзишгоҳи “20- солагии Истиқлолият” чорабинии васеъӣ варзиши ва фарҳангӣ бо иштироки аҳли намояндагони сохторҳои мухталиф, наврасону ҷавонон, донишҷӯён ва мухлисони варзиш бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” баргузор гардид. Дар чорабинии варзишӣ намояндагони сохторҳои соҳаи варзиш, устодону донишҷӯён, ташкилоту муассисаю идораҳо ва мухлисони сершумори  футбол иштирок намуданд.

Ҷашнвораи  бошукуҳ  бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Ҳамоиши мазурро  Раиси вилояти Суғд, Раиси федератсияи футболи вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ифтитоҳ намуд.

Дар ҳақиқат  бозии футбол яке аз намудҳои  варзиш ба  ҳисоб рафта, мухлисони сершумор дорад. Метавон гуфт, ки солҳои охир ин навъи варзиш- футбол дар кишвар рушд меёбад, ки чанд клубу дастаҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва бурунмарзӣ  иштирок мекунанд. Футбол яке аз дӯстдоштатарини варзиш эътироф гардида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, минҷумла дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё иштирок менамояд. Ҳамзамон дар кишвари Тоҷикистон  ҳаводорони футбол  омма гардида баҳри инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон  ташаккул меёбад. Ин намуди варзиш падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ гардидааст, ки сарҳадҳоро  бемалол мегузарад, чунки ӯ сарҳад надорад.

Метавон гуфт, ки футбол ҷаҳонро бо ҳам меоварад ва мутаҳҳид мекунад ва забони умум сухан мегӯяд, ки  тамоми шаҳру деҳот футболро дӯст медоранду бозӣ мекунанд.

Дар фарҷом чорабинии мазкур бо намоишҳои варзиши, консертҳо ва барномаҳои ҷолиби фарҳангиро дар бар гирифт, ки  ба маъмулгардонии тарзи ҳаёти солим  ва дастгирии насли наврасу ҷавонони варзишгар равона шуда буданд.

Ёдовар шуд, ки  дар  саросари кишвари Тоҷикистон ва ҷаҳон ҳамасола  санаи 25-уми май  “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ҷашн гирифта мешавад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯзи ҷаҳонии футбол
Scroll to Top