Шоми санаи 23-уми майи соли 2025 дар назди Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода , Раёсати кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва намояндагони МИҲД-и шаҳру вилояти Суғд, устодону донишҷӯён, муҳассилин, намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.
Зикр намуд, ки ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерӯи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободкору созандагони Ватан, соҳиби ояндаи кишвару миллат ва такягоҳи давлати соҳибистиқлол мебошанд.
Дар идомабахши чорабинии мазкур бо иштироки васеъи аҳли фарҳанги санъати точик барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.
Ёдовар шуд, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23- уми май дар саросари кишвари азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло саҳми ҷавонон дар рушду пешрафти Ватан назаррас буда, ин ояндаи умедбахши ҷомеа дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳим фаъолияти пурсамар доранд.
Қобили зикр аст, ки дар ин рӯзи фараҳбахш аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми ҷавонони шарафманди кишвари Тоҷикистони маҳбубро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда ба ҳамагон саломативу сарбаландӣ, эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон собитқадамона қадам мезананд орзуҳои ҷовидонаро таманно менамоем.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”