Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Табиати нотакрори боғи фароғатӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо баробари фарорасии фасли баҳор барои ободониву кабудизоркунӣ шинонидани  гулу гулбуттаҳои ороишии мавсимӣ дар тамоми манотиқи кишвар  корҳои ободонӣ  вусъати тоза мегирад.

Чун анъана бо мақсади ба макони ҳамешасабз табдил додани  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар анҷоми тозакориву ободонӣ ва гулу ниҳолшинонӣ боғбонон ва шахсони масъул ширкат варзида саҳми худро мегузоранд.

Барои ободонӣ ва кабудизоркунии Қалъаи таърихӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ  мувофиқи нақша- чорабини  аз ҷониби роҳбарият пайваста зоҳир  гардида  барои гузаронидани истироҳати хуши шаҳрвандон  дар боғи фароғатӣ корҳои зиёде амалӣ гардида истодааст.  Барои боз ҳам ободу хуррам, зебову ботароват намудани як гӯшаи биҳиштосо тезонидани корҳои кабудзоркунӣ, сари вақт таъмин намудани ғизо ва  зиёд намудани гулу гулбуттаҳои рангоранги мавсимӣ ин  макони ободу зебо  тамошобоб  гардидааст.

Ба макони сабз табдил додани боғи истироҳатӣ бо мақсади кабудизоркунӣ, муҳофизат намудани гулу гулбуттаҳо ва дарахтони ҳамешасабзу сояафкан боғбонони ботаҷриба  камари ҳиммат баста, баҳри ободонии маскан саҳм мегузоранд.

Бо тадбирҳои  неки ободкориву  созандагӣ  бо ташаббуси  Абдусалом Қурбонзода – директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ  барои муҳофизат ва ҳимояи табиат, таъмини хубтари шароити корӣ бо техникаи муосири замон ду  адад мошини алафдаравии истеҳсоли хориҷӣ  ворид карда шуд, ки боиси аҳсан аст.

Истифодаи мошинҳои алафдаравӣ хело қулай ва  осон буда, чун модели алафдаравии муосир аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолӣ дар бозори ҷаҳонӣ васеъ муаррифӣ карда мешаванд.

Қайд намуд, ки мошинҳои алафдарави хусусиятҳои констукторӣ  доранд, ки алафҳоро ҳарчи зудтар, хушсифат ва бар хилофи он баландии алафро якхела нигоҳ медорад.

Роҳҳои гаштугузар одатан дар боғи истироҳатӣ мақсади роҳгаштанро амалӣ мекунад, ки хусусияти намоиши кабудизоркунӣ ба алафҳо табдил ёфтаанд, ки барои  аз ҳадд баланд нашудани  тарҳи умумӣ  алафи майдончаҳо  аз мошинҳои алафдаравӣ  истифода мебаранд.

Қобили зикр аст, ки бо ин зебову тозагии майдончаҳои гулу гулзори Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ  ба кас ҳаловати нурбахш ҳадя мекунад ва бештар таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТабиати нотакрори боғи фароғатӣ
Scroll to Top